Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
бад баргардонад, дар дилаш инсофу меҳр андозад. «Бигузор, ишқи ман қалби сарду бемеҳрашро об кунад, — хаёлан ба моҳ муроҷиат кард Ойя, — бигузор, ашкам пардаи сангини атрофи дили нозукашро сӯзад! Вайро, шавҳари меҳрубон, навозишгар, зебо ва накӯтарин инсони оламро ба наздам баргардон!»
Дар зулмати шаб сояи хирае ба хона афтод. Ойя ҳаросида тирезаро пӯшид. Баъд ба хонаи озода вале дилгиркунанда назар афканд. Бо кадом андешае пардаҳои кӯҳнаро гирифта ба ҷони онҳо пардаҳои ҳариру нафиси атласро овехт. Хона ранги дигар гирифта бошад ҳам ба мисли пештара сард буд. Онро гармидии дасти инсон, муҳаббат — муҳаббате, ки ба соҳибони хона ҷон бахшаду ҳаворо тоза нигоҳ дорад, намерасид.
Аз тахмон кӯрпаҳои наву мулоим гирифта ба ҳаваси тамоми рахти хоб соз кард, онро бо ҷилди сафед пӯшонд. Табдили либос карду болои рахти нафису мулоим омада нишаст. Дар хонаю кӯча оромӣ ҳукумфармо буд, фақат аз кунҷи хона садои ҳаракати соати деворӣ ба гӯш мерасид. Ба ин тариқ каме нишаст, ҳатто фикр ҳам намекард, ки дар бевақтии шаб Раҷаб дар куҷо мегашта бошад. Баъд дароз кашид, аммо хоб аз дидагонаш парида буд. Аз тиреза ба берун ба осмон нигарист. Моҳ аллакай аз уфуқ болою хеле пуринуртар шуда буд ва гӯё ба Ойя бо назари тааҷҷуб менигарист. Вай аз он чашм наканда ба нохост чунин эҳсос кард, ки дар ин ҷаҳони нопайдоканор худаш ҳам мисли моҳ дар осмон танҳо аст. Сардие аз ин ҳолат дар баданаш эҳсос кард, чашмонашро пӯшида худро дохили кӯрпа гирифт, аз хомӯшии ваҳмангези атроф пинҳон шудааст. Ин дам садои эҳтиёткорона қадам мондани Раҷаб ба гӯшаш расид. Бадани ларзиндаистодааш оташ гирифт. Вай кӯрпаро як сӯ гузошта гӯш бакимор истод. Ана, Раҷаб аз ошхона гузашта истод, садои ба чизе бархӯрдани пиёла баромад: Гурусна мондааст, мардаки бечораам, аз дил гузаронд Ойя ва хост парида хезаду ба шавҳараш хӯрок диҳад, аммо садои мӯзакашинашро дар дами дар шунида аз раъяш гашт. Зуд худро даруни ҷогах гирифта, хобида вонамуд кард. Пештар ҳар вақту соате ки ояд ба истиқболаш медавид, ҳоло бошад... Аниқтараш намедонист чӣ тавр рафтор кунад. Ба ҳар ҳол ба омадани шавҳараш бепарво будану аз ӯ чизе напурсиданро авло донист. Беҳтараш хомӯш меистад, бигузор фикр кунад, ки хоб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё