Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Раҷаб ба хона даромада лаҳзае истод, ба садои нафаскашии ҳамсараш гӯш дод. Баъд либосашро кашида назди дар ҳаво доду оҳиста нӯғ-нӯғи по ба назди рахти хоб омад. Ойя нафас намебаровард. Вай оҳиста наз-даш зону зада, худро ба рӯяш андохт. Дили Ойя чунон ба тапиш даромад, ки гӯё соати деворӣ дар пешаш ҳеҷ аст. Раҷаб навозишкорона даст ба мӯйҳояш бурд: оҳи-ста рӯҳсораҳояшро сила кард. Ойя аз ғояти ҳаяҷон хост чашмонашро кушоду табассум кунад, мисли пештара аммо ин лаҳза вай худро зуд канор гирифт, кӯрпаашро бар-дошта ба гӯшаи дигари хона рафт. Ойя ҳайрон ба ҷо-гах партофтану дароз кашидани вай нигоҳ мекард. Чанд дафъа паҳлу гашта ҳатто нолиш кард, баъд ором гирифт. Хобаш бурд?

Ойя ҳайратзада, чунон шахси беҷон беҳаракат мехо-бид хоб аз чашмонаш ба тамоми гурехта буд. Фикр ме-кард, ки минбаъд чӣ тавр зиндагӣ кунад, бо Раҷаб чӣ ҳодиса шуда бошад, чӣ кор кунад, ки дили вай гарм шавад? Қариби саҳар қарор дод, ки сир бой намеди-ҳад, чун пештара ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад. Зани дигар дошта бошад чӣ? Не! Ойя шубҳаашро бартараф сохт. Айби ҷанг. Раҷаб ҷангро фаромӯш карда наметавонад, вай бояд ӯро фаҳмад ва бахшад. Аламаш мекунад албатта, вақте ки мебинад вай бо тамоми бе-гона шудааст. Кош медонист ки чӣ қадар дӯсташ медо-рад! Тамоми вуҷудаш — дастон, овоз, сарҷунбонию ка-даммонимаш, ҳатто чашмони сиёҳаш, ки метавонистанд навозишгару хандон бошанду имрӯз чунин маъюсу хашмборанд, бароиш азиз буданд. Не, бо чӣ роҳ ки набошад бояд ӯ ба Раҷаб симои пешинашро баргардо-над.

Рӯшании субҳ баҳтар нурҳои гулобии офтоби ба-ромадаистода аз тиреза ба хона ворид шуданд. Ойя оҳиста аз ҷойгоҳи хоб бархост, ба умеди рӯзи нек, ра-ҳони шавҳараш аз чанголи аждаҳои бемеҳрӣ панҷ сомо-ни рӯзгор шуд.

Вақте ки аз хона баромад, Набот-оҷа охирин пиёлаи чойро менӯшид. Буғҷае дар даст, ба куҷо рафтаашро ба келинаш ҳам нагуфта аз ҳавлӣ баромад. Ойя аз пасаш нигоҳ карда зуд фаҳмид, ки кампир ба назди мулло меравад ва дар дил ба ӯ роҳи сафед хоста, ҳамчунин аз худо талаб кард, ки дар рафъи ин бадбахтии ба сарашон омада мадад намояд. Ин замон садои кадамонии

пешина
аз 328
навбатӣ