Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
шавҳарашро шунида, зуд аз паи ба офтоба рехтани оби дасту рӯйшӯй шуд.
Раҷаб хоб буд ё бедор маълум набуд, вале пас аз хестани Ойя зуд ҳушёр шуд. То аз хона баромадани вай андаке таваккуф кард, рафтани модарашро ҳам фаҳмид. Зуд либосашро ба бар карду дами дар андаке рост истод. Фурсати муносиб барои амалӣ кардани қарори додааш фаро расида буд. Шаб бошад иродааш камӣ кард. Ҳоло бояд Ойяро ба хонаи падару модараш фиристад. Як сол, бисёр равад ду сол дар борам фикр мекунад, оқибат фаромӯш месозад, аз дил мегузаронд вай. — Ойя набояд ба бадбахтии ман шарик бошад, ман ҳаёти ӯро сӯхта наметавонам. Вай бояд шавҳари дигар кунад, лаззату шириниҳои модариро чашад... Ман, ман бошам... Ман мардам ба ҳама машаккати рӯзгор бояд тоқат кунам. Сангин аст, вале ба хотири хушбахтии Ойя ба он розӣ мешавам. Тамоми ғаму андӯҳро худам ба гардан мегирам, тамомашро!
Раҷаб нафаси вазнин кашид. Вай бояд коре кунад, ки табъи дили ӯ набуд, бадаш бинад, охиру оқибат партояду аз аввал баромада равад.
Эҳ, зиндагӣ! Хуб носозориҳо дорӣ-ку! Оилаҳое ҳастанд, ки бе ягон сабаб вайрон мешаванд. Ба хотири чӣ?
Барои он ки сари ягон масъалаи ночиз миёни зану шавҳар ихтилоф меафтад. Касе аз онҳо гузашт кардан намехоҳад. Ана, баъд фикри ҷудоӣ мекунанд, он вақт кӯдакон ҳам пеши роҳашро гирифта наметавонанд. Зиндагии Раҷаб тамоман баръакси онҳост. Занаш фаришта, худаш ҳам гапдаро. Якдигарро дӯст медоранд ва зиндагиро ҷудо аз ҳам тасаввур карда наметавонанд.
Аммо ин фоҷиаи ислоҳнопазиру даҳшатнок байни онҳо ҷудоӣ меандозад...
Раҷаб чуқур нафас кашида, дарро боз кард. Аз
қиёфааш аён буд, ки дар ҷаҳл ғарқ аст.
Оя инро зуд пайхас намуда, барои овардани оби дастурӯйшӯй рафт. Офтобаи оби гарм дар даст вай ӯро ба табассуми гарм интизор шуд, аммо рӯи турши шавҳарак дар як он чеҳраашро тағйир дод. Бе ягони муқаддима вай фарёд зад:
— Чӣ, барои дастурӯйшӯй ман то ними рӯз туро интизор шавам?
— Чӣ кор кунам, Раҷабҷон, обро гарм кардам.— Дили Раҷаб аз шунидани овози нарму гӯшнавоз ва сафедкунандаи гуноҳаш гум зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё