Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Тавба, фаҳмат намегирад, ки зери чойҷӯш ҳезум гузорӣ?!
— Якчанд тароша партофта будам, вале...
Ойя қарор дод, ки ба рӯи шавҳараш надавад, гап-гардонӣ накунад. Раҷаб бошад бадқаҳр сӯяш нигариста боз рӯй гардонд: «Эҳ, аз дасти ман ҳеҷ кор намеояд, фикр кард ӯ вай маро тамоми гуноҳҳоямро мебахшад. Азизаки ман, агар ту медонистӣ, ки чаро ман чунин рафтор мекунам! Вале ту ҳеҷ гоҳ нахоҳӣ фаҳмид! Охир ман намехоҳам, ки ту вазифаи модарӣ, саодати занонаатро қурбон кунӣ. Маро бубахш меҳрубонам, илоҷи дигар надорам, туро азоб медиҳам, меранҷонам, таҳқир мекунам... Фақат ҳақиқатро пинҳон дораму туро наҷот диҳам шуд, Ойяҷони ман!»
Ойя офтобаро бардошт вале ҳанӯз об нарехта Раҷаб дасташро кашиду фарёд зад:
— Дастамро сӯхтӣ, аблаҳ! Арвоҳ занад, ту ношудро, ин чӣ кори кардагат-а!?
Ойя даст ба офтоба бурд — об базӯр ширгарм буд вай бо тааҷҷуб эътироз кард:
— О, об қариб ки хунуку...
— Чӣ? Дандонатро зада шиканам баъд мефаҳмӣ, маҳмаддоно! Боз чанд вақти дигар ман интизор шавам?
— Чӣ кор кунам охир? — бо овози базӯр шунаво гуфт Ойя.
— Намедонам? Чӣ кор мекунанд вақте ки об гарм бошад?
Ойя хона даромаду зуд баргашт. Раҷаб дарёфт, ки вай обро тағйир надод. Боз ҳам хуб, андешид ӯ. Дасташ ба об расиду:
— Ту, чӣ маро ях кунонданӣ? — ба ғазаб овоз баланд кард вай. — Эй худо, чӣ тавр маро бо ин зани бедасту панҷа гирифтор кардӣ?!
Ойя ҳапу дам офтобаро ба замин монда рафт. Табъи Раҷаб хуш шуд: оқибат ӯро асабӣ кардам, ҳамин тавр ҳуҷумро давом додан лозим, меандешид ӯ.
ПАС аз наҳорӣ, ки ба қавли Раҷаб бемазза буд, ҳар ду бояд ба саҳро мерафтанд. Нахуст Ойя ба кӯча баромад ва Раҷабро нигарон истод. Хост табъи нохуши шавҳарашро чок намояд ва ӯро бо шӯхӣ истиқбол кард:
— Рафиқ, бригадир, чаро деҳқонро вақти зиёде мунтазир медорӣ?
«Рафиқи бригадир» бидуни ягон хел посух ба занаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё