Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
чун ба душмани манҳус назаре афканда гузашта рафт. Ойя каме озурдахотир шуда бошад ҳам эътиборе надо‐да аз паси шавҳараш равон гашт. Вай ҳаракат мекард аз ӯ қафо намонад. Дар нимароҳ Раҷаб бозистод. Ойя бо умед ба вай нигарист, ба назараш чунин расид, ки барои дагалӣ узр пурсидан мехоҳад. Аммо бо тундҳу‐бонӣ вай гуфт:
— Ту чаро аз паси ман саг барин кашола шуда ме‐гардӣ? Маро ба ҳолам гузор, мефаҳмӣ? Аз паси ман наоӣ. Агар ту бо ин роҳ равӣ, ман бо дигараш меравам.
Оқибат Ойяи дилшикаста пайроҳаро интихоб кард, ки аз бари замини кишт мегузашт.
Вақте ки ба сари кор омад, Раҷаб аллакай ба кол‐хозчиён қитъаҳо муайян карда буд. Ба Ойя нигоҳ кар‐да бадқаҳр ва ба овози ба ҳама шунаво гуфт: «Хайри‐ят омад!» Ойя тамкини пештараашро нигоҳ медошт. Раҷаб ба колхозчиён замин дода, ҷои аз ҳама сералаф‐ро барои вай ҷудо карда монда буд, то қаҳрашро беш‐тар овард. Ойя ин кори ӯро ба тарзи худ мефаҳмид: «Дуруст мекунад Раҷаб, абобод одамон мегӯянд, ки ба зани худаш ҷои осону камалафро медиҳад».
Нисфирӯзӣ Раҷаб одамонро ба нони чошт хонд. Зану мард гурӯҳ-гурӯҳ ду-се нафарӣ барои нону чойнӯ‐шӣ нишастанд. Ойя ҳам чой дам кард, баъд се бор тавре ки шавҳараш мекард, онро ба пиёла рехтаю боз ба чойник андохт. Ранги чой баромад, онро оварда назди Раҷаб гузошт. Вай чойро ба пиёла рехту ғаза‐баш боло гирифт:
— Ту чӣ, маро мазҳака мекунӣ? Канӣ, гӯй, ба ман чӣ овардӣ?
— Чой, — дилшикаста ҷавоб дод Ойя.
— Чой? Ин ҳалучро худат нӯшу барои ман чой биёр.
Кадоме аз мардҳо баланд хандид, дигарон ҳам ҳар‐чанд ки аз асли гап огоҳӣ надоштанд, ӯро пайравӣ кар‐данд. Занон ҳам аз мардҳо илҳом гирифта ба ханда даромаданд. Ойя аз шарм қариб буд, фарёд занад, ва‐ле ин бор ҳам худдорӣ кард. Чойникро гирифту бесадо бадар рафт.
Яке аз мардҳо, ки ба Ойя менигарист бо тафохури мардона иброз намуд:
— Ин мӯйдарозони ақлкӯтоҳ ҳамин тоифа одамонанд, лаҷомашонро андаке суст монӣ рӯзатро мебинӣ, ба ҷон чой оби хунукат медиҳанду ба ҷон қанд заҳр...
Аз ин суханон дастони Раҷаб ба хориш даромаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё