Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Чӣ қадар мехост он лаҳза адаби он маҳмаддоноро диҳад, аммо наметавонист. Наметавонист Ойяро ки беҳуда, бе ягон сабаб ранҷонда шуда буд, ҳимоя кунад...
Набот-оча ният дошт пас аз салом бо Муллорасул ба арзи матлаб гузарад, вале чӯпон — Шохгелди, ки аз пасаш даромад, халал расонд.
Мулло Расул худаш ӯро даъват карда буд, аммо фаромӯш намуд, ки барои чӣ. Бар замми он ки бад мешунид чашмонаш низ хира буданд. Вай бо ҷиддият аз шахси воридшуда пурсид:
— Ҳа, ягон хизмат буд?
Чӯпон даҳонашро ба гӯши мулло наздик оварда дод зад:
— Ман коре надорам, худи шумо аз ҳамсоям хоҳиш кардаед, ки ба наздатон дароям.
Мулло калимаи «хоҳиш»-ро шуниду гуфт:
— Ман аз касе хоҳиш накардаам. Чӣ, ман гов дорам, ки ба пода мефиристамаш?
— Ман аз куҷо донам. Гуфтанд, ки шумо даъват кардаед, ки агар ба бозор равам як сари қадам ба наздатон дароям. Аз шунидани калимаи «бозор» мулло ҷон гирифт:
— Ҳа... бозор. Гӯр пирӣ шавад тамоман ақламро гум кардаам...
Чӯпон бо тасдиқи суханони вай гуфт:
— Гӯё, ягон вақт ақл доштӣ!
Набот-оча ханда гирифт ва барои он ки дигарон нафаҳманд сулфаи сохтакоронае карду даҳонашро бо гӯшаи қарс пӯшонд.
— Мулло-обо, чӣ мехоҳед аз ман зудтар гӯед, ки вақт рафта истодааст.
Осемасарии чӯпон аён буд, ки ба мулло нафорид:
— Куҷо ин қадар саросемай. Ё гумон дорӣ, ки бозорро бардошта мебаранд?
— Не, бозорро касе намебарад, аммо одамон, ки пароканда шуданду бозор хунук ман дигар чӣ кор мекунам. Ман ба Овелек бояд булкаи урусию ба писараш хурусканд биёрам. Барои он гӯсфандонро метарошад.
— Овелек барои чӣ меравад? Ягон чиз мехарад?
— Барои писараш гуфтӣ? — Мулло лабонашро лесида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё