Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
андешаманд идома дод: Аҷаб не, писарашро зан доданист, ҷиҳоз мехарад...
Чӯпон даст ба зону мезаду қаҳ-қаҳ механдид.
— Ҳа, барои келини ояндааш сару либос мехарад Мулло-ого, чӣ кор доштед, ба ман чӣ гуфтаний будед? Гӯед, ки вақт рафт...
— Бишин, аввал як пиёла чой гир...
Чӯпон аз ғазаб сурх шуд.
— Шумо аз ман чизе хоҳиш кардагӣ будед?
— Ҳа.
— Чӣ охир?
— Ба ман нос биёр. Лекин аввал худат як кашида бин. Онҳо бисёр вақт носи хушк медиҳанд. Бутун аз худ рафтаанд, каллобон, ҳатто охиратро фикр намекунанд, ки аз ин тамоку ба худ гуноҳ мехаранд. Э, Худо, худат шоҳид ҳастӣ ҳаромкоронро ба ту ҳавола мекунам.
— Мулло-ого, ман нос намекашам ҳар чӣ ки доданд харидан мегирам.
— Ҳа бале, ҳамин тавр кун, аввал каш у баъд гир. Пулро бошад баъд ба ту медиҳам, вақте ки баргаштӣ, гуфта намешавад мабодо дар роҳ гум кунӣ... Чӣ зарур аст ба ту худро дар гуноҳ мондан...
— Ана инсон! — хитоб кард чӯпон ва бо шитоб аз хона берун рафт.
Пас аз рафтани Шоҳигелдӣ ҳам Набот-оча то дер вақт мақсадашро гуфта натавонист. Мулло Расул бо бинӣ — нофаҳмо чизе гуфта, рӯи хона рафту омад. Баъд кулоҳи кӯҳнаро барои чӣ бошад, ки аз сар гирифта кулоҳи нав пӯшид. Аз каду як каф нос ба зери забон партофт. Фурсате пас даричаи бухорӣ (печка)-ро кушода носро туф кард. Аз ҳавои даҳони мулло аз бухорӣ хокистари бисёре хеста ба сару рӯяш зад. Ба дараҷае, ки нафасаш танг шуда ба сулфидан даромад. Хокистарҳои сару рӯяшро афшонда дарёфт, ки дар хона меҳмон аст, рафъи изо бисмиллоҳ гуфтагӣ барин ба худсафедкунӣ даромад:
— Дар табиат, Наботҷон, тозатарин чиз хокистар аст. Оташ тамоми ифлосиро сӯхта хокистари покиро боқӣ мемонад.
— Тӯғрӣ мегӯед, тақсир,— бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд ноилоҷ кампир, то ки мулло ба додаш расад.
Мулло Расул бо тафохур гулу рӯшан карду аз болои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё