Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
кӯрпачаи раҳраҳаш гузашта нишаст ва қиёфаи хандаоварашро ҷиддӣ намуда сухан оғоз кард:
— Ку, занак бигӯй, чӣ гап дорӣ?
Набот-оча каме саросема шуда бошад ҳам ба Мулло наздиктар нишаста ба гап даромад:
— Худам ҳам намедонам, муллоҷон, ҳамин писарамро, яккаву ягона мадори диламро чӣ шуда бошад, шояд чашмаш карданд, намедонам, лекин аз ҷанг тамоман дигар шуда баргашт.
— Чӣ шудааст ба вай?
— Бо занаш ҳеҷ соз намегирад. Барои ҳамин ба наздатони маслиҳату ёрӣ пурсидан омадам.
Набот-оча то ин матлабро ба мулло фаҳмонд, ки ба гумонам садопардаҳои гӯлӯяш дариданд. Чанд дафъа даҳонашро ба буни гӯши мӯйсафед наздик оварда дод ҳам зад. Мулло гӯё ба даҳонаш об гирифта бошад бо ангуштон ба носкаду зада, хомӯш нишаст. Баъд гапро аз дур оғоз кард:
— Ту, медонӣ, Набот, ҷанге, ки ба охир расид бисёр даҳшатнок буд.
Набот-оча дар ҷавоб фақат сар ҷунбонд.
— Ҳа-а бовар кун. Чанд дафъа худам таъкид кардам: биёед ҷанг накунед. Касе гӯш надод. Ҳама ба ҷанг рафтанд. Гуфтам-а, ин кори кардани нест. Бо вуҷуди ин касе ба ҳарфам эътибор надод. Вақте ки гӯш накаредед, акнун рӯзатонро бинед! — мулло рӯй ҷониби дигар тофт чун нишони эътироз аз одамон, аз ҷумла Набот-оча. — Маро ки гӯш намекунед, ба ҳазор бало гирифтор мешавед!
Набот-оча бо вуҷуди эҳтирому боварии зиёд ба Мулло Расул, ки падараш низ муллои овозадоре буд, аз тавоноии вай дар хусуси гирифтани пеши роҳи ҷанги хушбахтона тамошуда, шубҳа дошт. Ғайр аз ин, нағз дар ёд дорад, пас аз як моҳи оғози ҷангу ба фронт гусел кардани Раҷаб ба наздаш омада буд, ки хоҳиш кунад мулло дуюю фотеҳа хонад, ки парвардигор яккаву ягона писарашро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Ҳамон вақт Мулло Расул гуфта буд, ки аз саршавии ҷанг дирӯз воқиф гаштааст. Набот-оча ин суханонро нағз дар хотир дорад, ҳамон ҳин ҳайрон шуда буд, ки тамоми замину замонро оҳу шевани занону модарони аскарони ба ҷанг рафта паҳш кардаасту чӣ тавр он ба гӯши мулло нарасидааст.
— Ба гапам, ки надаромадед, азобатонро кашед! —

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё