Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

боз чанд дафъа такрор ба такрор гуфт мулло гӯё ки дар сар шудани ҷанг Набот-оҷа гунаҳкор бошад.— Эҳха, ту Набот, акалан медонӣ, ки чӣ қадар одам дар ин ҷанг қурбон шуд?

Бо ҳаракати сар Набот-оҷа фаҳмонд, ки намедонад.
Мулло Расул гӯё аз нав ҷон гирифт:

— Ту аз куҷо медонӣ, ман медонам. Ва аламам ҳам аз ҳамин ҷост, ки медонам. Аз тарафи мо дар ин ҷанг наздик ҳазор кас мурд. Немисҳо чӣ қадар нобуд шуданд, медонӣ? — Даст афшонду мулло ба саволаш худ ҷавоб дод: — Аз немисҳо ҳам тақрибан ҳамин қадар одам кушта шуд. Баъзеҳо мегӯянд, ки байни нобудшудагиҳо кӯдакон ҳам ҳастанд. Бе гуфти онҳо худам ҳам медонам, ки миёни қурбоншудагон панҷ-шаш нафар кӯдак ҳаст. Барои рехтани хуни бегуноҳон саркардагони ҷанг дар он дунё, албатта, ҷавоб хоҳанд дод. Мепурсӣ, ки онҳоро айбдор мекунад? Мо, худамон албатта. Чанд бор гуфтам-а, монед, ҷангро сар накунед. Илтимос, ҳатто илтиҷо кардам, гӯш накарданд. Ана, оқибат ду ҳазор кас нобуд шуд. Кӯдакон ҳам. Ту медонӣ Набот, ду ҳазор одам ин чӣ қадар аст? Агар ҳар ду деҳаи худамонро як кунем ҳам ин миқдор одам намешавад. Бубин, чӣ қадар ҷон талаф ёфт, ту бошӣ мегӯӣ, ки...

Сафсаҳаҳои мулло ба дили Набот-оҷа заданд, вале вай ӯро боз дошта наметавонист. Мулло Расул ҳам дарёфт, ки меҳмон дигар ӯро гӯш намекунад, аммо ором намегирифт. Гап мезаду фикраш банди он буд, ки чӣ кор кунаду аз сомеъ зиёдтар канонад ва ӯро маҷбур созад, ки барои «ёрӣ» бори дигар низ ояд.

— Одамони дар ҷанг буда хуни бисёрро диданд,
Набот. — Хуни оддиро не, хуни инсонро!

Мулло барои аниқтар ифода кардани фикр ангушти ишораташро болою поён намуда суханашро идома дод:

— Ин одамон, ки хуни инсонро дидаанд, аз наздикону хешу табор, зану кӯдаконашон рӯ гардонданд.

— Чӣ кор мекунем? — саросема пурсид Набот-оҷа аз тарси он ки мулло аз мақсад боз дур наравад.

Мулло Расул саволро нашунид, вале аз рӯи одат ба ҷамъбасти гуфтаҳояш пардохт:

— Одамони хунрехта ва ё хундидаро фақат як чиз ба асли қадимаашон бармегардонад, тумори зӯр! Барои ин китоби муқаддасро кушодан лозим.

пешина
аз 328
навбатӣ