Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ин солҳои мудҳиш модар хӯру хобро фаромӯш карда буд. Фикру ёдаш банди фронт. Аз худо илтиҷо мекард, ки ҳар хел ҳам бошад — бе даст, бе пой фарзандашро зинда баргардонад. Дуояш мустаҷоб шуду писараш баргашт...
Чашмонаш сиёҳӣ заданду Раҷаб боз истод, баъд чуқур-чуқур нафас кашида бо душворӣ бошад ҳам роҳашро давом дод.
Ҳамдеҳагони ба муборакбодии Набот-оча ва зиёрати Раҷаб омада он шаб то дер вақт нишастанд. Гарми сӯҳбат касе фикри хестан ҳам надошт. Посе аз шаб гузашту ҳарҳо ба ҳангас даромаданд ва ин баъзеҳоро ёдрас мекард, ки бевақт шуд, хестан лозим. Онҳо хайрухуш карда рафтанд, аммо аксари меҳмонон баҳазур менишастанд. Онҳо гӯё табъи дили Раҷаб рафтор мекарданд, вай мехост ки он шаб бо ҳузури меҳмонон беинтиҳо бошаду бо занаш танҳо ба танҳо намонад.
Ҳолати Ойша ба тамоми дигар буд. Расму таомулро ӯ низ пос медошт медонист, ки меҳмонон ба ҳурмату эҳтироми шавҳараш ҷамъ омадаанд, охир дидорбинӣ ҳам ҳад, андоза доштагист меандешид, ӯ. Бисёр мехост, ки он лаҳза зудтар фаро расад, бо шавҳараш, оне ки панҷ соли расо азоби ҳиҷронаш кашид, танҳо монад, худро дар оғӯшаш андозад, рӯяшро серӣ бубинад, овозашро шунавад, ҳаракати дасту бозувони қавиашро дар тани нозукаш эҳсос кунад. Аммо меҳмонон парвои оламу одам надоштанд, пиёлаи чоргули қирмизӣ давр мегашту сӯҳбати онҳоро кафшер мекард, аз қаҳқаҳаву гуфторашон аён буд, ки ба ин қарибиҳо майли рафтан ҳам надоранд.
Бо меҳмонон суҳбат карда, Раҷаб номаълум бо гӯшан чашм ҳамсарашро назора менамуд. Вай қариб бетаъғир мондааст ҳамчунон нозукаку чаққон вале каме ҳам бошад гӯшт гирифтааст, хаёлам ин ба пайкари зебояш муносиб афтодааст ва симояшро низ андаке ҷиддӣ сохтааст. Раҷаб наметавонист хулоса кунад кадоме аз он симоҳо ҷолибтар аст. Ойани логараки нозук ё ин занаки хушпайкари ҷиддисимо. Раҷаб эҳсос мекард, ки ӯро дигар тоқати интизории рафтани меҳмонон намоидааст. Ҳаё ва шарми ҳӯнуз нопаридаи духтаронаи ӯ Раҷабро бештар асар мекард. Ана, дар даст пиёлаҳои тоза вай ба хона ворид мешавад ва бидуни ягон эҳтиёҷ чойники пури чойро иваз мекунад. Ин ҳамаро ӯ бо хотири боре ҳам бошад назар кардан ба вай мекунад, аммо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё