Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ҷосораташ намерасӣ ва ҳаёву ҳилм намегузорад, ки ҷонибаш чашм давонад...
Раҷабро чунин ба назар мерасид, ки як сол қабл не, гӯё дирӯз ба хона баргашта бошад. Аз рӯзи ба хонаи шавҳараш омадани Ойя бошад шаш соли расо сипарӣ мешавад. Аммо ӯ — келин, ки тарбияи хуб дида буд, дар тӯли панҷ соли ҷудоӣ аз шавҳар ба рӯи мӯйсафедон ва мардҳои бегона нигоҳ карданро эб надост. Хоса аз Раҷаб назар ба меҳмонон бештар шарм медошт, ҳатто аз шаби тӯяшон бештар. Шарм медошту метарсид, дилаш бошад аз ғояти интизорӣ ва муҳаббат чун кабқи ба дом афтода қафаси синаашро ором намегузошт.
Он вақт, сари хони пурпузу неъмат Раҷаб ҳолати завчаашро дарк мекард, аммо ҳеҷ чорае ҷуста наметавонист. Ба савол ҷавоб медоду ба меҳмонон аз хотираҳои ҷангӣ, дар куҷо будану бо киҳо дӯстӣ карданаш ва барои кадом корнамоӣ гирифтани ордену медалҳо қисса мекард, аммо он фикр оромаш намегузошт, бо вай чӣ хел муносибат кунад. Чӣ хел вай дилкаш шудаасту чун гул шукуфтааст, андеша мекард ӯ. Ҳоло ӯ тамоман ҷавон, чандсола аст ӯ? Бисту дусола? Ҳа, ҳа.
Вай бошад панҷ сол калонтар аз ӯст — 27 сола. Вай бояд ким-кай модар мешуд. Бале, бале модар, агар ҷанг намебуд. Рӯи ҳавлӣ ду-се ҷуфт почаякони нозуки кӯдакона дар даву тоз буданд. Оре, агар ҷанг намебуд...
Боз он шабро ба ёд овард, аз гузашта, ки меҳмонони хӯрдану хестанро фаромӯш карда буданд. Ойя ба хона даромада мебаромад, аммо наметавонист дуздида ҳам бошад ба шавҳараш нигоҳ кунад. Вақте ки оҳиста қадам монда ба назди чевони кунҷи хона омад, меҳмонон ба вай мутаваҷҷеҳ шуданд, ба хотир овард Раҷаб. Ойя оҳиста аз дастаки дар кашида буд, ки он аз хазинааш ҷудо шуда рост ба рӯи пои Ҳамдам-ого омада афтид. Мӯйсафед хост даҳон кушояд, аммо ҳайкали аз тарс шах шуда мондаи Ойяро дида лаб фурӯ баст.
Иззои бандаи муъмин ҳаром гуфтагӣ барин меҳмонони дигар низ худро тавре вонамуд карданд, ки гӯё ҳеҷ воқеа нашудааст. Таҳаммули онҳо Раҷабро хуш омад.
Дарёфт, ки Ойя миёни ҳамдеҳагон эҳтиром дорад ва он эҳтиром танҳо бо ахлоқу одоби намунавӣ ба даст меояд.
Аз занаш дилпур шуд, вагарна каси дигар чунин рафтор мекард таги таънаву маломати онҳо мемонд. Гочуқиҳо одатан тундзабонанд, гуноҳ куну рӯзата бин!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё