Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

набуд. Дилаш фақат барои ба ёд овардани он лаҳзаҳо гум зад. Дар хоб не, бо чашми сар пас аз баргашт хонаеро медид, ки дар он қариб панҷ соли расо модари дилбанду ҳамсари дӯстдоштаашро монда рафта буд.
Набот-оча он вақт ба кадом зарурате берун омада буду ногаҳон фарзанди чашминтизорашро дид. Модари ҷонсарак аз ғояти шодӣ оғӯш кушодаву фарёд мезад:
Ойя, бачам! Аз ин нидои хурсандии Ойя, дар як он ба дами дар расид. Аммо кӯча аллакай пур аз одам буд.
Рӯймолро ба сар кашида аз шарм ӯ худро даруни хазлӣ гирифт ва акнун аз роғи дар ҷониби шавҳараш нигоҳи хурсандонаву иштиёқманд медӯхт.

Раҷаб дуру дароз ба рӯю чашмоки модар нигарист, дилаш таскин ёфт ва тамоми хастагиву фироқи ҷанг аз танаш бадар гашт. Рӯҳи қавию муҳаббати бемисли модар аз нав ӯро ба олами нотакрори бачагӣ овард. Он лаҳза бешак аз хушбахттарин одамони рӯи замин буд, ӯ. Аз болои китфони модар ба ногаҳ чашмаш ба Ойя, ки ба оташдони рӯи ҳавлӣ олав мемонд, афтод. Нигоҳҳо лаҳзае ба ҳам хӯрданд ва боз ба ҳамон зудӣ ҷудо гаштанд. Чашмони Ойя барк заданд ва ӯ зуд рӯяшро бо рӯймол паноҳ кард. Оташи нигоҳ гӯё ҷисму ҷони Раҷабро низ сӯзонд. Ва боз осмони мусаффои хаёлаҳо, ки бо дидани хонаву дар, модаре ба истиқболаш давида рангинтар шуда буд, дар як он абрҳои тираи хотироти шум фаро гирифт. Он чӣ ки лаҳзае фаромӯш карда буд бо қувваи нав дар ӯ хурӯҷ намуд. Аз он баданаш ба дард даромад. Аз қазо марг мехост он лаҳза Раҷаб!

Вай аз фронт батамом дигар шуда баргашт. Миёна Раҷаби Набот-очаю Ойя медонистагӣ ва Раҷаби аз ҷанг барагашта чарне буд бетагу касногузар. Инро танҳо Раҷаб медонист. Он сирри талх батамом қалбашро сӯхта хӯнук карда буд. Тири нигоҳи Ойя бошад якбора онро шикофт. Эҳсоси он нигоҳ ба дарчаи дарднок буд, ки бадани Раҷаб оташ гирифту боз зуд хӯнук шуд. Дандон ба дандон монда пушти модар паноҳ бурд. Ва аз ҳамон лаҳза нигоҳашро аз Ойя ва чашми ҳамсояҳо мегурезонд.

Набот-оча ба ифтихори бозгашти Раҷаб аз фронт
гӯсфанд кушт. То ҳанӯз вай намедонист модар молро
аз куҷо гирифта буд. Таомул чунин аст. Ягона фарзандаш аз даҳони аждаҳои ҷанг сиҳату саломат баргаштааст. Барои модар аз ин баландтар бахте ҳаст?! Тамоми

пешина
аз 328
навбатӣ