Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

давр хӯрдаю ҷило дода, ба назар мерасиданд. Онро барвақт аз издивоҷашон Ойа ёфта ба Раҷаб нишон дода буд...

Аз қаъри истакон Ойа бо табассуми зебо намудор шуд. Қокулони паҳмоқаш кушода шуда, мӯйҳояш даври гардану китфони нозукаш пош хӯрданд.

Раҷаб чашмро нимпӯш карда истаконро ба сар кашид. Дамаш дарун заду аз чашмонаш ашк ҷӯшида баромад. Баъд лабонашро дул карда нафас баровард. Ашки чашмонамашро поку сӯи мӯйсафедон чашм ало кард. Онҳо хомӯш вале бо нафрат ва ҳайрат ӯро муоина доштанд. Раҷаб аз ғояти шарм ва ғазаб қариб буд фарёд занад, аммо дандон ба дандон монда худдорӣ кард, пулро рӯи раф хаво дода шитобзада аз мағозин бадар рафт.

Сафар дасти бақиядаркардааш дар ҳаво гӯё шах шуда буд. Мӯйсафедон дами дар ҷамъ шуда бригадирро бо нигоҳ гусел мекарданд. Раҷаб роҳ мерафт. Ҷавони қоматбаланду тануманд, мисли ӯ қариб дар ноҳия намонда буд. Ба қафо нигариста роҳ мерафт. Шӯълаҳои офтоби ба ғуруб рафтаистода ба сару рӯяш гӯё борони сурх мерехтанд. Намедонам дидани ин манзараи чанд лаҳза пеш буд ё нурҳои сурхи ташвишовари ҳозира, ки мӯйсафедон бесаранҷом шуданд ва яке дигареро тела дода, саросема аз мағозин берун омаданд. Онҳоро дигар ёрои ба ҳам нигоҳ кардану гап задан намонда буд. Раҷаб роҳ мепаймуду аз тахтапушт таъкиби нигоҳи онҳоро эҳсос мекард.

Ҳолати бароиш шинос — чархзании сар оғоз шуд. Ғазабаш андаке бошад ҳам фурӯ нишаст. Тамоми вуҷудаш лаҳзаи муқаррарӣ ва матлуби пас аз сархушиҳо фарорасандаро бесаброна интизор буд. Он лаҳзаеро, ки мисли оламу одамро назди Раҷаб гунаҳкор нишон медиҳад. Вай фақат барои ҳамин менӯшид, ки сари Ойа дӯғ занад, ӯро ранҷонад, ба ҳар чизи хурду реза хӯрдагирӣ кунаду кори иҷрояш номумкинро талаб намояду болои ин ҳама дар назди виҷдонаш гунаҳкор набошад. Нанӯшида ба ҳамсараш, ҳамсари зебо ва дӯстдоштааш дагалӣ карда наметавонист. Ин ҳаракату ҳарфи бечора бо ҷои ӯ арак — ин оби оташраиғи заҳрогин иҷро мекард, занаки бечораро меранчонду таҳқир менамуд.

Роҳ мепаймуду ҳанӯз, ки арак ба пуррагӣ бар ӯ даст боло нанамуда буд, саҳфаҳои рӯзгори гузаштаро варак мезад. Хурсандии ҳамаро рӯзи бозгашташ аз ҷанг интиҳо

пешина
аз 328
навбатӣ