Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
мутаваҷҷеҳи суханонашанду анҷоми корро интизоранд, миёни сӯҳбат гоҳ-гоҳ гашта ба Раҷаби бетоқатшуданистода менигарист. Сафари аз кораш қаноатманд оқибат ба Раҷаб муроҷиат кард:
— Ҳа, бригадир, ягон хизмат буд?
Раҷаб бесаранчом шуд, як раҳ ба мӯйсафедон ва Сафар нигоҳ карда дилу бедилона гуфт:
— Ҳо, аз ҳамон... Худат медонӣ-ку... Ба ман як истакон аз...
Сафар бо ифтихор ба мӯйсафедон нигаристӯ ба зери раф ҳам шуд. Раҷаб сарашро ба Сафар наздиктар оварда оҳиста ғурунгид.
— Сарам дард дорад, ин... ёрдам мекунад.
Сафар аввал аз зери рафи мағозин шишаи кушодаи арақро баровард. Баъд ҳам шуда истакони калони пурҷангу хокро ёфта паҳлуи он гузошт. Раҷаб онро бардошта дар рӯшноии назди дар муоина карда бо қароҳият ба ҷояш монд. Сафар як гардан тофта аз ҷайб рӯймолаки чипчиркипро бароварда истакомро поку дар охир пуф ҳам кард.
— Ин чизи манфурро касе дар ин ҷо наменӯшад,— гуфт ӯ як навъ худро сафед карда.— Аз ин хотир истакони тоза ҳам нест.
— Бало ба пасаш,— рӯй турш кард Раҷаб.
— Ин оби раббано худаш ҳам тоза не.
— Модом ки тоза нест, чаро менӯшӣ? — бо ғазаб пурсид Ҳуммат-оғо.— Ё мисли нашъамандон дигар бе арақ зиста наметавонӣ!
Ин муқоиса ростӣ ҳам ба Раҷаб маъқул нашуд, аммо худдорӣ кард. Хайр чӣ ҳам мегуфт? Бо як чолокӣ аз ҳозирон рӯй тофта, хомӯш истакони арақпуркардаи Сафарро бардошта ба лаб бурд. Бӯи тезу манфури арақ ба димогаш заду Раҷабро ларзонд. Оҳ, кош ин мӯйсафедон медонистанд, ки чӣ қадар барои ӯ инҳо нафратангез аст бӯю тамъи ин оби оташранг!? Афсӯс, ки...
Вай ҷуръат карда ба истакон нигарист. Арақ бо гарду чанг омезиш наёфта беолоиш монда буд ва мисли оби софи чашма медурахшид. Ҳарфҳо ва ҷонкафидаи истакон ба назараш калонтар мерасид. Гирди деворҳои истаконро бошад ҳубобчаҳои шаффоф пӯшонда буданд. Онҳо ба ёдаш ҳубобҳои софи чашмаро расониданду дилаш гум зад. Он чашма каме дуртар аз аули занаш, дар соҳили Мурғоб воқеъ буд. Обаш ҳамеша соф буд, ба дараҷае ки аз ҷои ҷӯшишаш регмайдаҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё