Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Рост мегӯӣ, Ҳуммат, ман ҳам дар ҳайрат, ки дасту пояш бутун, — андаке хомӯш истода гиреҳи бастаи рӯймолро санҷид вай. — Боз ҳамон дасту по гумкардаҳо нағз. Ба тақдир тан дода, хурсандона зиндагӣ доранд, аз ин сад бор беҳтар. Ту ҳамон ҷавонро дар Султониз дар ёд дорӣ. Хо, ҳамоне ки дар бозори Марв меразмид...
— Ҳамон ҷавони тануманд, паҳлавони рӯйсурхро мегӯӣ?
— Худи худаш. Бечора аз ҷанг бе ду по баргаштааст. Акнун медонӣ ҳолаш чунин аст? Болои аробачаи чӯбини гилдиракдор нишастаасту бо дастонаш ба замин такя карда, онро тела дода ҳаракат мекунад. Ба ҷон ду кас кор мекунад мегӯянд. Аз субҳ то шом аз полез намебарояд, ҳатто бодиринг мечинааст. Занаш ҳомиладор, шаб то пагоҳ чашм рӯшан мекунад. Раҷаби мо бошад...
Сафари магазинчӣ ҳисобу китобро тамому донаҳои чӯтро тараққас занонда як тарафа кард ва пеши сухани нотик гирифт.
— Раҷаб мизоҷи доимии магазини ман аст. Барои чӣ, медонед? — назари суол дӯхт ба мӯйсафедон ӯ. На барои ба занаш харидани кӯлчақанд, албатта.
— Наход ба ҳамон оби талх дода шуда бошад-а? — мижгонҳои чашмони гирдашро бо ҳам зада пурсид мӯйсафеди фарбеҳ.
— Ма, бақияатро гир, — фурӯшанда чанд тангаи сафедаро ба ӯ дароз кард. — Андак таваққуф кунед худатон ҳамаашро мебинед: Агар донистан хоҳед, вай...
Дар остонаи дар Раҷаб пайдо шуд. Сафари магазинчӣ гӯё суханашро фурӯ бурд, ки хомӯш монд. Мӯйсафедон ҳам аз саросемагӣ чӣ кор карданашонро намедониста дида ба шахси воридшуда дӯхтанд.
Ҷавони гирдрӯи чеҳракушоди тақрибан сисолан чорпаҳлӯ бо ваҷоҳати хуш ва одоби тамоми даст дода, бо мӯйсафедон вохӯрдӣ кард, аз аҳволи саломатӣ рӯзгорашон пурсиду сипас, ҷониби Сафар нигоҳи каҷ андохта, оҳиста ба як тараф гузашт. Қаду баст, одобу рафтори ӯро дида, кас ҳеҷ гумон намекунад, ки он ҳама носазое, ки то ин дам гуфтанд, ба ӯ муносибате дошта бошад.
Раҷаб дар ҳузури мӯйсафедон ба Сафар муроҷиат карданӣ набуд. Аммо онҳо ҳам гӯё як умр якдигарро надида бошанд аз ину он гап зада фикри рафтан надоштанд. Сафари магазинчӣ чун дид, ки мӯйсафедон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё