Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аммо писараш аз ӯ рӯ тофта ба қафо нигарист: ба он сӯе, ки аз кулбаҳои назарногири дар биёбон дур- мондан Гочук дуди борики оташдони аатруке бол ку- шода бо абрҳои сафеди сафед меомеҳт.

ҶАНГ БАЪДИ ҶАНГ

Ашк — нишони муҳаббат аст
Д. Халдурдӣ.

I

Аз роғи дар омадани Раҷабро дида,— мӯйсафедон овозашонро паст карданд.

— Вай барои он ин қадар бераҳм аст, ки хунрезиро зиёд дидааст, — гуфт бо қатъият мӯйсафеди харобаи қоматҳамида. Баъд лаҳзае сукут варзида, сар ҷунбонду ҷониби дар нигариста афзуд: — Э, э, ин ҷанг чӣ бало- ҳое ба сари одамон наовард...

Мӯйсафеди бузургҷуссаи тануманд, ки чизҳои хари- даашро рӯи рӯймоли калони чит гузошта аз чор гӯшан он дошта меистод, ҷониби нотиқ норозиёна назар аф- канд. Аз оҳанги гуфтораш бараъло эътирози ботиний ба гӯш мерасид:

— Ҳой ҳамсоя, ту чӣҳо мегӯй?! Чӣ хел хун? Кадом ҷавони имрӯза хунро надидааст? Кадом иштирокчии ҷанг одам накуштааст? Эй, Ҳуммат фақат ману ту ба- ринҳо ба замин побандем. Хун дида будааст... Наҳот ҳамин сабаб шавад, ки бо одамон дарафтӣ, занатро азоб диҳӣ. Боз як зане, ки пашшаро озор намедиҳад, мисли фаришта! Одамони дигар ҳам аз фронт бар гаш- таанд. На танҳо хунро дидаанд, балки худ низ хун рех- таанд. Лекин арому осуда зиндагӣ доранд, касеро озор намедиҳанд. Ҳамсояҳо, зану фарзандон ҳама аз онҳо розӣ. Ин бошад...

Ҳуммат-ого эътироз накард.

— Тарзе рафтор мекунад, ки дар ягон қолаби инсо- ний намеғунҷад. Аз чӣ дар қаҳр аст, номаълум. Аз ҷанг- ку бо чор ишкели бутун саломат баргашт, на мисли ди- гарон маъюбу маслуқ. Тавба, пас ин ҳама нозу арозӣ- ро сабаб чӣ бошад-а?!...

Суханони охирин ба мӯйсафеди тануманд бештар пи- санд афтоданд.

пешина
аз 328
навбатӣ