Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
махсусро дар киштии илми тоҷик соҳиб будаанд. Дигар ин ки маҳсули кори илмию омӯзгории ин касро худатон нағз медонед. Аниқтараш дар хусуси ҳамин навъ ҳамкорон ягон фикр доред ё не?». Сари миз будагон лаҳзае сукут намудему баробар бо меҳру ихлос «албатта, албатта» — гӯён андешаи М.Зайниддинзодаро пазирой намудем. Дар идомаи суҳбат устод Ҳафиз Раҳмон вобаста ба табъи хушу равони ба худашон хос гуфтанд: «О, мана Наврӯзҷон шогирдашон-ку? Бигузор ин кас мавқеи хешро дар шинохти устоди бевоситаашон навишта созанд». Гарчанде ки камина вобаста ба масъалаи дар ин суҳбат тавлидёфта бетараф набудам, вале аниқ донистам, ки дар назари устодони ҳамкорам зоҳиран бепарво менамудам. Аз тарафи дигар маро ин дар суҳбати як лаҳзаина муносибати ғамхорона, дилсӯзона ва қадршиносии устоди муҳтарам, дотсент М.Зайниддинзода, ки ҷанбаи муҳими ибратомӯзӣ дошт ба худ ҷалб кард. Мушоҳидаи банда аз чунин мавқеъгирии устодам бори аввал набуда, балки ӯро ҳамеша дар нишастҳо ва муҳити корӣ ҳамчун адабиётшиноси омӯзгори нуктасанҷ ва инсони асилу бомасъулият дарёфтаам. Устод М. Зайниддинзода, ки худ муҳаққиқи тавонои афкори адабии халқу миллатҳои гуногунанд, дар шинохту эҳтироми афроди дар ин самт заҳматписанд назари хоса доранд. Дар ин замина бояд ёдовар шавам, ки худ доир ба шахсият ҷанбаҳои муҳими фаъолияти илмии шахси дар суҳбаташон баёнсохта мақолаҳои арзишманде ҳам ба нашр расондаанд. Устодони сари миз нишаста низ. Лекин яқин муносибати ҳамкорони азизам, муносибати нишаст, боиси такон доданам дар омода намудани мақолаи мавриди мутолиаи Шумо қарордошта гардид.
Қалам ба даст мегираму ҳаракати онро баҳри таҷАССУМ намудани симои воқеии инсони асил ва шахсият, ки ин гуна унвонҳо дар натиҷаи заҳматҳои ҷонкоҳонаи шабонарӯзӣ насибаш гаштаанд, равона сохтанӣ мешавам. Вале оҷизии хешро дар инъикоси чунин инсони нексиришт, донишманди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё