Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Қаландаров Н.,
дотсенти ДМТ

ШИНОСОИЕ, КИ БОИСИ
ИФТИХОРАМ ГАШТ

Мақому манзалат ва мавқеи ҳар як шахсро пеш аз ҳама дар зиндагӣ наздиктарин инсонҳо – пайвандон, дӯстон ва аҳли коллективе, ки ӯ дар он ҷо кору фаъолият мекунад, ба мадди назар гирифта, боҳогузорӣ менамоянд. Чунончи:

Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист,
Зарби дасти кӯҳканро теша медонад, ки чист.

Бо ҳамин маънист камина ифтихор дорам, ки тӯли умри қариб нимасраи хеш бо инсонҳои зиёд ва дорои арзиши баланди афкори инсонӣ дар робитаву муошират будам ва ҳастам. Ва ҳамеша шоҳиди он гаштаам, ки дар ҳар нишаст, вохӯрӣ ва маъракаву маҳфилҳои гуногун дар хусуси инсонҳои асил ҳатман суҳбати самимонае падид меояд. Албатта, сурат бастани чунин суҳбату андешарониҳо боис ба он мегардад, ки ҳар шахс баҳри расидан ба ҳадафҳои аслии инсонӣ боз ҳам талош меварзад ва дар ниҳоят ҳамчун фарзанди арзандаи давру замони хеш муҷассам мешавад. Рӯи қоғаз овардани фикри боло чист?

Нисфирӯзӣ. Нимаи аввали моҳи декабри соли 2020. Бо ҳамроҳии устодон – мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, дотсент Муртазо Зайниддинзода, устодон Ҳафиз Раҳмонов ва Қарор Нурқаев ба шаҳр баромада, ҷое нишаст намудем. Сари як пиёла чой суҳбатамон атрофи масоили корӣ тафсон гардид. Миёни суҳбат ғайричашмдошт устод Муртазо Зайниддинзода ба ҳозирин рӯ оварда гуфтанд: «Шумо медонед, ки дар оғози моҳи феврал 75-умин солгарди як тан аз олимонамон пурра мегардад.
Мебахшед, ин шахсият то ба Донишгоҳи миллӣ омаданашон ҳамчун донишманд ва адабиётшиноси варзида ҷой ва мақоми

пешина
аз 226
навбатӣ