Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Муҳаммадюсуф Имомзода,
Муртазо Зайниддинзода
ОИНАИ БЕҒУБОРИ ИЛМУ ИРФОН
Бахшида ба 75-солагии профессор Аламхон Кӯчарзода
Файласуфи олмонӣ В.Ф. Гегел андешае дорад, ки «Фақат тавассути амалӣ кардани мақсадҳои бузург инсон дар худ сифати шахсияти бузургро ошкор месозад ва маҳз ҳамин хислат ӯро барои дигарон машъал менамояд». Назар андохтан ба зиндагинома ва фаъолияти босамари донишманди фарҳехта, доктори илми филология, узви вобастаи АМИТ профессор Аламхон Кӯчарзода ҳамин андешаро собит менамояд ва касро муътакид месозад, ки эшон ба сифати раҳҷӯи қавииродаи роҳи пурпечутоби пажӯҳишгарӣ ба паҳнои ҳақгӯӣ ва майдони ибрози андешаҳои солим расида, тавассути гуфтору навиштори мантиқиву пурфасоҳаташ олами маънавии инсонҳоро рангин месозад.
Муҳаббат ба адабу фарҳанги миллӣ дар вуҷуди А.
Кӯчарзода хеле бармаҳал, ҳанӯз ҳангоми ятимӣ, бо шафоати модари бармаҳал мувоҷеҳи мушкилоти рӯзгор гардидааш бедор шуда, тадриҷан бо таҳсил дар мактаб-интернату мактаби олӣ сайкал ёфт ва абадан «умри ӯро ба риштаи ҷодуии хеш» пайванд сохт. Ӯ тариқи таҳсил дар шуъбаи ғойибонаи аспирантура дониши назарияи худро сайкал дод ва бо ҳидояти донишманди барҷастаи адабиёт Соҳиб Табаров ба пажӯҳиши шоҳаи камтаҳқиқшудаи адабиётшиносӣ — масъалаи матншиносии адабиёти муосир ва нақди матн камари ҳиммат баст. Раҳнамои илмӣ ва донишмандони дигар дар амали пажӯҳишгарии А. Кӯчарзода дақиқкорӣ ва заҳматписандию муттасилро ба мушоҳида гирифта, аз навиштаҳои илмии аввалинаш натиҷа бардоштанд, ки дар адабиётшиносии тоҷик муҳаққиқи умедбахше ба камол мерасад. А. Кӯчарзода чун ҷавоб ба боварии аҳли илм соли 1978 рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Масъалаи матншиносии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё