Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
закию масъулиятшинос ва фидоии касбу кори худ комилан эҳсос менамоям.
Ҳанӯз ҳангоми донишҷӯи соли чаҳоруми факултаи филологияи тоҷик буданам масъулияти Ташкилоти ҷавонони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро низ ба уҳда доштам ва утоқи кориам дар бинои марказии он ҷойгир буд. Дар яке аз рӯзҳои фасли хазонрези соли 1997 аз бинои марказии донишгоҳ баромада истода будам, ки дар як гӯшаи саҳни ҳавлӣ устоди донишманду арҷмандам, профессор Абдулҳай Маҳмадаминовро бо як ҳамсуҳбаташон дарёфтам. Баъди салому алайк ва аҳволпурсии устод А. Маҳмадаминов ба сӯям нигариста, пурсиданд:
– Наврӯзҷон!
– Лаббай, устоди азиз – гуфтам.
– Ҳамин инсони ниҳоят пуркимати ҳозиру нозирро мешиносӣ?
Камина дарҳол ба чеҳраи шахси ҳозиру нозир назар намуда, ҳеҷ нишонаи шинос буданашонро зоҳиран ба ёд оварда наметавонистам. Аниқтараш ягон бор надида будам ва намешинохтам. Вале фазо имкон намедод, ки матлабро ошкор баён созам. Хуб дарк менамудам, ки ҳатман ягон шахси арзанда буданашон аз эҳтимол дур нест ва дар ин ҳол нашинохтани шахсони шинохта нишони беҳурматӣ хоҳад буд. Азбаски устодам, профессор А. Маҳмадаминов интизори посухи суолашон буданд, ба онҳо рӯ оварда гуфтам:
– Рости гап, устоди азиз, чеҳраи ин кас бароям бисёр гарму ширин менамояд. Шояд дар куҷое вохӯрда бошем. Вале, мутаассифона, ҳеҷ ба хотир оварда натавонистам.
Ҳамсуҳбати устод А. Маҳмадаминов – шахси бароям «ношинос» бо табассуми малеҳ ва ҳаракатҳои ниҳоят самимию хоксорона ҳалимона андеша сар доданд:
– Ҳеҷ гап не, ҷавонони имрӯза бояд нашиносанд.
Ҳар се баробар хандидем. Лекин камтарин ноаён ин андешаи бароям қандомезро дар майнаам ҷойгузин намудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё