Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Ин ҳам сабаб дошт. Чунки роҳбарии ташкилоти ҷавононро ба уҳда доштаму ҳамеша бо онҳо дар робита будам. Ва аз суҳбати олимону донишмандон, собиқадорон ва шахсони дунёдида ҳар падидаи хубтаринро қабул намуда, баҳри тарбияи насли ҷавон равона сохтани онҳоро бароям бисёр мувофиқ ва муфид медонистам. Ниҳоят, устод А.Маҳмадаминов ҳамсуҳбаташонро шинос намуданд:

— Ин кас домулло Аламхон Кӯҷарзода ҳастанд. Навакак аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба кафедраамон (яъне, кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ) интиқол шуданд.

Баъди шиносоӣ андешаи шинос будани насаби шахси «ношинос» маро ба давраи талабагии мактаби миёнаам бозпас гардонд. Дар он замон падарам — Аҳмар Қаландаров (Рӯҳашон шод бод!) ба сифати омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Муъминобод фаъолият мекарданд. Вобаста ба фаъолияти касбиашон баъди ҳар фосилаи муайян барои такмили равияи ихтисос ба филиали Институти такмили ихтисоси назди Вазорати маорифи РСС Тоҷикистон, ки дар шаҳри Кӯлоб амал менамуд, мерафтанд. Баъди анҷоми курси мазкур дар нишастҳо нақлҳо мекарданд ва бо ифтихор аз устодону донишмандон ном мебурданд. Ҳофизаи хубе доштанд, ҳар як корманду устод ва олимони соҳаи хешро ном ба ном медонистанд. Ана аз ҳамин гуфторҳои қиблагоҳ бори аввал ба исму насаби устод Аламхон Кӯҷарзода ғоибона ошно гардида будам. Воқеан, насаби устод бо мафҳуми «Кӯҷарзода» дар синни ҳамонвақтаи мо падидаи хотирмонӣ дошт. Аз тарафи дигар, махсус қайд мекарданд, ки ин кас шогирди тагоятон Соҳиб Табаров ҳастанд.

Марҳилаи дуюми шиносоӣ ва то имрӯз ногусастаам бо устоди арҷманд Аламхон Кӯҷарзода аз хонадони домулло Соҳиб Табаров сарчашма гирифт. Аз соли 1990 вақте ки ба донишгоҳ дохил шудам, робитаи доимӣ ва бевоситаам бо

пешина
аз 226
навбатӣ