Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

донишманди маъруф шодравон Соҳиб Табаров сурат баст. Табиист, ки кору фаъолияти донишмандони бунёдӣ, маъруфу маҳбуб ва сарсупурдагони роҳи илму маданияти чӣ ватаюни чӣ хориҷӣ дар ҳар як суҳбати домулло ба таври муфассал матраҳ мегардид. Хушбахтона, бо аксари донишмандони соҳаҳои гуногуни кишвар дар ҳузури домулло С.Табаров вохӯрда, аз кору пайкор ва исму насабашон огоҳӣ пайдо кардаам.

Ҳадафи овардани сатрҳои боло дар он аст, ки номи мубораки устод Аламхон Кӯҷарзода тавассути гуфтори доимии домулло С.Табаров дар зеҳнам бештар боқӣ мемонд. Вале, мутаассифона, то вохӯрии дар саҳни ҳавлии донишгоҳ ба амал омада, ӯро аз наздик намешинохтам.

Ҳамин тавр, баъди шиносоии сарироҳӣ ва суҳбати лаҳзаина суроғаи якдигарро гирифтему аз пайи корамон равона шудем. Маҳз ҳамин шиносоӣ боис гардид, ки минбаъд, аз соли 1997 то соли 2020, яъне тӯли 22 сол бо устодам дар робита бошаму дар ин муддат аёдати мунтазами устоди зиндаёд Соҳиб Табаровро то вопасин рӯзҳои ҳаёташон ҳамроҳ ба ҷо биёварем. Ҳамин раванд ва ҳамин муддат бароям имконият фароҳам овард, ки меъёрҳои аслии инсониро дар шинохти устоди азизам Аламхон Кӯҷарзода вобаста ба дараҷаи тафаккури доштаам омӯзам ва ҳангоми дар бораашон андеша рондан ба муболиғагӯӣ роҳ надода, ба воқеият такя намоям.

Вақте ки нахустин бор бо устод А.Кӯҷарзода ба хабаргирии домулло С.Табаров рафтем, ба таассуротам таҳаввулоти дигаре зам гардид. Ҳар гоҳе ки сахтгуфториҳо, қотеият, нигаронӣ ва талаботи пай дар пайи илмии домуллоро дар нисбат ба шогирди профессор ва, воқеан, донишманди шоиста медидам, бисёр дар ҳарос афтода, худро тамоман фаромӯш месохтам. Аксар вақт шоҳиди он мегаштам, ки домулло шогирдони дар ҷомеа эътирофшудаи хешро боз ҳам ба «танбалӣ» гунаҳгор менамуданду дастуру тавсияҳои нав ба

пешина
аз 226
навбатӣ