Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

навро бароишон пешниҳод месохтанд. Азбаски ба услуб ва шеваи кори домулло шинос набудам, дар ҷараёни андешарониҳои конеъона бо шунидани таркибҳои азиммаъно, ки метавонист боиси ранҷиши дилҳои сабукэҳсос ва рамузнофаҳм шавад (аз ҷумла, дар ҳамон давра худам), дар шакли манфӣ ба дил наздик қабул менамудам. Гоҳо чунин муносибатҳо боис мегардид, ки камина аз тарс ба муддати тӯлонӣ ба аёдати домулло ҷуръат намекардам.

Дар чунин нишастаҳо баръакси рамузнофаҳмону сабукэҳсосҳо устоди азизу гиромиқадр Аламхон Кӯҷарзодаи саршор аз фазилатҳои инсонӣ бо сабру таҳаммул, хоксориву меҳрубонӣ ва оромии пурмаънӣ ба андешаҳо гӯш дода, баробари муътадил гаштани табъи домулло эҳтиёткорона ба гап медаромаданд. Хулосаҳои пухтаву мантиқан баландро изҳор намуда, ба тафсидани суҳбати дилнишин ва маҳфили воқеан адабӣ асос мегузоштанд.

Устод А.Кӯҷарзода хуб дарк менамуданд, ки ҳадафи аслӣ ва ниҳоии устод С.Табаров дар ҷодаи илм муваффақ гардидани шогирду иродатмандонаш буда, маънии қотеъият ва серталабиву сахтгуфториҳояш ба ҷуз ғамхорӣ чизи дигареро ифодагар набуд. Агарчанде домулло С.Табаров дар гуфтори ҳамешагияшон аз шогирдон интиқод намуда, ба ҳамин васила боз ҳам ба бедортар ва фаъолтар гаштани онҳо мушарраф мегаштанд, дар нигоҳтаҳояшон ифтихороти хешро аз чунин фарзандони маънавияшон пинҳон намедоштанд. Чунин падидаро аз даҳҳо мактуби эшон шоҳид мешавем, аз ҷумла, яке аз мактубҳояшонро аз таърихи 26 ноябри соли 2001, ки ба ректори ДДМТ Сафиев Ҳ.С. ирсол шудаанд, мисол овардан мумкин аст, ки чунин менигоранд: «... Банда аз он шодам, ки ба ҳама гуна таъқиботи рӯи росту пинҳонии рақибонам... нигоҳ накарда, ҳангоми дар Университети ҷонҷонанам кор карданам (1948-1985) ҳашт (8) номзади илм тайёр кардаам. Баъдҳо онҳо сарварии шаш (6) мактаби мустақиди адабиётшиносиро ба дӯши хеш гирифтанд:

пешина
аз 226
навбатӣ