Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

профессор Мусулмонқулов Р. – назарияи адабиёт ва эстетикаи адабиёти классикии форс-тоҷик; профессор Асозода Ҳ. – таърихи адабиёти тоҷикзабонони олам; профессор Саъдуллоев А. – публитсистикаи бадеии тоҷики асри XX; профессор Кӯчарзода А. – матншиносӣ; профессор Маҳмадаминов А. – афкори адабиётшиносии тоҷики асри XX ва профессор Раҳмонов А. – адабиёти бадеӣ ва мифология. Агар рақибонам садди роҳам намегардиданд, банда дар солҳои меҳнатиам дар Университети ҷоночонам боз чанд нафар олимони асилро омода месохтам ...»

Ҳамин андешаро устод С.Табаров дар як суҳбаташон ба адабиётшинос Боймурод Шарифзода мусоҳибаи (Таърих худаш қазоват мекунад. Мусоҳибаи Б.Шарифов ба С.Табаров // Ҷустуҷӯҳои адабӣ. – К. IV. – Душанбе: Ирфон, 1999. – С. 71-82.) муфассалтар чунин матраҳ месозанд: Ман ҳамеша олимони асилро мекобам. Қариб ҳамаи шогирдони камина дар илми адабиётшиносии тоҷик мақому мартабаи хоси худро доранд. Масалан, профессор Раҳими Мусулмониён, ки шогирди камина мебошад, яке аз олимони машҳури Тоҷикистон аст. Ӯ мактаби махсусе ташкил кард. Эстетикаи адабиёти классикии моро тадқиқ кард.

Шогирди дигарам профессор Худойназар Асозода аст. Пас аз дифои рисолаи номзадии ӯ ба Афғонистон сафар намуд. Мо бо ҳам пайваста мукотиба доштем. Дар номаҳояш ҳамеша ба ӯ таъкид мекардам, ки дар Афғонистон миллионҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва аксари онҳо аз Тоҷикистон рафтаанд. Барои ҳамин ҳам адабиётшиносиро омӯзед, таҳқиқ кунед ва ба ин восита робитаву ҳампайвандии адабиёти Афғонистону Тоҷикистонро мустаҳкам намоед. Хушбахтона, ин шогирд масъулияти вазнинро бар дӯш гирифт ва мактаби дуюмам пайдо шуд, ки номаш адабиёти муқоисавӣ мебошад.

Ё мактаби сеюмамро гирем. Солҳои сол дар дорулфунун курси матншиносиро дар гурӯҳи адабиёти Шӯравӣ мехондам. Яке аз масъалаҳои омӯзишу таҳқиқаш муҳим масъалаи

пешина
аз 226
навбатӣ