Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Наргис Сафарова,
устоди ДДЗТ ба номи С. Улуғзода

АРЗИ ЭҲТИРОМ

Пас аз соҳибистиқлол гардидани давлатамон зодрӯзҳову солгардҳои суханмардони бузурги классики тоҷик ва дигар ҷашнвораҳо дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳатто дар миқёси ҷаҳонӣ бисёр олӣ ва густурда таҷлил мегарданд, ки воқеан ин хушбахтии миллати куҳанбунёди тоҷик аст. Ин иқдоми бузургест дар пайи посдориву гиромидошти миллату давлат аз ҷониби Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин росто соли ҷорӣ 700-солагии шоир, мутафаккир ва орифи машриқзамин Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 70-умин солгарди таъсисёбии яке аз донишгоҳҳои бонуфузи ҷумҳурӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва шаҳри фарҳангӣ эълон гардидани яке аз гӯшаҳои хушбоду ҳаво ва зебоманзари сарзамин Кӯлобшаҳри бостонӣ бо як шукуҳу ҷалоли хоса таҷлил мегарданд. Воқеан, ин ҷашнҳо бо ҳам мантиқан пайванди ногусастане доранд.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар тӯли 70 соли мавҷудияташ садҳо мутахассисони соҳаи маорифро тайёр намудааст, ки онҳо дар таълиму тарбияи насли наврас ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Бисёр шахсиятҳои барҷастаи кишварро номбар кардан мумкин аст, ки хатмкардаи ин муассисаи олии касбианд.

Камина фориғуттаҳсили ДДОК (1984-1988) ҳастам ва эҳсоси меҳру муҳаббат нисбат ба ин боргоҳи илму маърифат маро водор кард, ки дар остонаи ин ҷашни фархунда арзи эҳтирому сипоси бепоёни худро ба устодону омӯзгорони ин таълимгоҳи бузург изҳор намоям.

Устодони мо ҳар кадом бо дониши мукаммали илмӣ, фарҳанги баланди педагогӣ, ҷозибаи хислатҳои зебои инсонӣ ва муносибату муоширати басо ибратбахши худ тавонистанд,

пешина
аз 226
навбатӣ