Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ташриф оварданд. Вақте устод ба маркази ноҳия мерасанд, то ба деҳаи мо расидан мунтазири нақлиёт мешаванд. Аз рӯйи нақли ҳамсафари устод (Ҳадятулло) наздики ним соат мунтазир мемонанд. Баъд аз воқиф гардидани бисёре аз меҳмонону ҳамкорон аз ин воқеа эътиқод ва эҳтиромашон ба хоксориву фурӯтании устод дучанд гардид. Ин рафтори устод ғайриодӣ аст, дар ҳоле ки бисёре аз роҳбарони илмии аспирантону унвонҷӯён дар чунин ҳолат аз дигар усули кор даст мегиранд. Асли матлаб ин аст, ки тамаъ дар сиришти устод роҳ наёфтааст ва зиндагии хоксоронаву оромонаро пеша кардаанд ва ин моро ҳушдор медиҳад, ки пайрави устоди хеш бошем.

Хислати дигаре, ки дар ниҳоди устод нуҳуфтааст, ин нигоҳдории эҳтироми шахс дар ғайби ӯст. Гӯиё панди Луқмони Ҳакимро шиори хеш карда: «Касонеро, ки нек бошанд, ба ғайбат ёд макун».

Оре, устод Кӯҷарзода Аламхон чун шахси баруманд, донишманд, илмдӯст ва ҳалиму меҳрубон дорои обрӯю эътибори хосса аст. Ӯ шахсиятест, ки чун волидони мунису ғамхор ба шогирдон олами маънӣ меомӯзонад. Мактаби матншиносии устод имрӯз шогирдони зиёдеро фаро гирифтааст, ки дар пажӯҳиши нақди матн ва масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик саҳми муносиб доранд.

Устоди гиромӣ Аламхон Кӯҷарзодаро бо ҷашни фархундаи зодрӯзашон сидқан табрик ва муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки устод дар зиндагӣ ҳамеша хушбахту сарбаланд ва солиму барӯманд бошанд ва аз забони шоир Абдулҳай Қаландар гуфтаниям:

Хоҳам, ки бубинам умри Саъдӣ,
Дар илму амал мақоми Ҷомӣ.
Дар субҳи сафо дуо бихонад,
Бар аҳду вафои некномӣ.

пешина
аз 226
навбатӣ