Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
муайян кардани иродаи эҷодии нависанда, ҷараёни эҷод ва масъалаҳои тарҷумаи бадеӣ ва ғ. арзёбӣ гардидааст.
Таҳлилу баррасиҳои илмӣ оид ба масъалаҳои матншиносӣ, махсусан, матншиносии осори С. Айнӣ аз ҷониби матншинос А. Кӯчарзода идома ёфта, пайваста мақолаю маърӯзаҳои илмӣ рӯи нашр баромадаанд. Мақолаҳои ҷудогонае, ки дар ин самт бахшида шудаанд, дар шакли китоби алоҳида бо номи «Нақди матн ва нақди арабӣ» соли 2017 нашр гардидааст. Ҳамин заҳматталабӣ ва бозомӯзии соҳаи матншиносӣ аст, ки соли 2018 китоби дарсии «Матншиносӣ» аз ҷониби А. Кӯчарзода бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси донишҷӯёни макотиби олӣ гардид. Фаъолияти эҷодии устод ҳамоно идома дорад...
Дар ҳақиқат, устод бо фаъолияти эҷодии пурмаҳсули худ, бо хислату рафтори наҷибашон барои аксари коромӯзону муҳаққиқон намуна (идеал) мебошанд, аз ҷумла барои банда. Замони донишҷӯӣ номи устодро гоҳ-гоҳ мешунидем, аммо симои олимонаву орифона ва хоксоронаашонро танҳо баъди хатми донишгоҳ дидам. Муддати шаш сол мешавад, ки пайваста бо устод дар иртибот мебошам. Дар ин айём дарк кардам, ки:
Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маъни рафиқе беҳтар аз устод нест.
Дар ин замони на чандон тӯлонӣ хотироти бештареро аз устод дар дафтари хотиротам сабт кардаам ва мехоҳам яке аз онҳоро рӯи қоғаз биорам, зеро ҳолати мазкур ба фикри банда одати хоксор будани устодро кушоду равшан нишон медиҳад.
Хотироти баёншаванда дар ҳоле рух додааст, ки бо хотироти дигар печидааст ва фаромӯш нахоҳад шуд. Моҳи июли соли 2019 дар ҳаёти шахсиям дигаргунӣ ба вуҷуд омад, яъне оиладор шудам. Тобистони гарм, роҳи тӯлониро нигоҳ накарда устод аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Темурмалик

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё