Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

зиёде перомуни масъалаҳои матншиносии осори устод Айнӣ нашр шуда, муаллифи якчанд рисолаи илмӣ мебошад. Нахустин асари илмии ӯ «Тадқиқоти текстологии «Одина»-и С. Айнӣ» буда, соли 1982 ба анҷом расонида шудааст. Дар ин асар як қатор масъалаҳои муҳими илми матншиносӣ баррасӣ гардида, маҳорату малака ва иродаи эҷодии С. Айнӣ муайян гардидааст. Омӯзиши қиссаи «Одина» аз рӯи матнҳои чопии давраи ҳаётии нависанда, ки ҳафт нашрро дар бар мегирад, асос ёфта, дар он саҳву ғалатҳои котибону ҳуруфчинон ва мусахҳеҳон ислоҳ гардидааст. Рисолаи мазкур таҳлили пурраи матншиносии «Одина»-ро дар бар намегирад, зеро он тавре дар боло қайд шуд, танҳо дар асоси матнҳои чопӣ ҳал гардидааст. Аз ин хотир, баъдтар, яъне соли 1992 бо дастрасӣ ба бойгонии нависанда бо таҳлилу баррасӣ ва омӯзиши он матни илмии асар ба хонандаи мутахассис пешниҳод гардид.

Соли 1994 асари дигар - «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» нашр шуда, дар он дар баробари дигар масъалаҳои назариявӣ «Марги судхӯр», «Мактаби куҳна», «Одина» ва такмили «Куллиёти С. Айнӣ» аз ҷиҳати таърихи навишт, иродаи эҷодӣ ва дигар паҳлуҳо ҳаллу фасл гардидааст. Ҳамчунин, дар ин китоб достони «Ҳасани аробакаш»-и Мирзо Турсунзода, романи «Шӯроб»-и Раҳим Ҷалил, достони «Сурӯши Сталинград»-и Мӯъмин Қаноат ва «Камони Рустам»-и Саттор Турсун мавриди таҳлил қарор гирифта, таърихи бавуҷудой ва такмили минбаъдаи онҳо зикр ёфтааст.

Соли 2000 «Нақди матни осори С. Айнӣ» ва соли 2002-юм «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ»-ро таълиф карда, ба коргоҳи эҷодии С. Айнӣ боз ҳам амиқтар ворид гардидааст. Ин асар барои илми матншиносии тоҷик дастоварди бузург маҳсуб меёбад. Дар баробари таҳлили матнҳои осори С. Айнӣ, масъалаҳои муҳими матншиносӣ - санагузорӣ ва дараҷаи эътибори матн, роҳҳои

пешина
аз 226
навбатӣ