Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале касеро наёфт. Ва деву аҷина ҳам набуд дар ин ҷо.
Аммо чанд қатраи хуни чакидаро дид.
Умари Дузд ба қатраҳои хун тӯлонӣ назар андохт. Гӯянд, ки фақат аз захми одамӣ хун бичакад ва аз захми деву аҷина ҳаргиз хун рӯ назанад. Ҳарчӣ бошаду небошад ҷони захмбардошта ба охир расида, ки хунаш чунин чакида ин ҷо...

Вале ин вақт зарби сахту оҳанӣ камони Умари Дуздро аз дасташ барканд, ҷонибе ҳавола дод, баробари ин тири аз камон парида ба танаи сангини гор бархӯрда, аз он ҷо алангҷ барҷаст. Дар шунаҳи ларзону ночизи он Умари Дузд як ҷисми бадхайбатро диду гум кард. Ин албастӣ буд ва ё дев, ки барои ҷазо додани вай омада? Боз даме омада, ки шумораи одамони дастаи вай кам монда, зеро боқимондаҳоро худи вай рухсат дода буд барои рафта омадан ба хонаҳои худшон. Ин ҷо фақат худи Умари Дузд ва чанд нафари дигар монда буданд. Ва ба ин шумори каммонда шурӯъ гардида буд ҳуҷуми ногаҳонӣ. Пас ҳуҷумгар (ва ё ҳуҷумгарон) тӯлонӣ поида ва дониста, ки онҳо кадом вақт кам монда ва каммондаҳоро ва сарвари онҳоро кай хоб бурдааст...

Умари Дузд шуввос зада, ҳавору дарронда, сӯяш омадани боз кадом чиро эҳсос намуд ва аз рӯи таҷрибаи зиёди ҷангиву дуздиаш, ки дар ин қадар сол бардошта буд, реб дода тавонист, яъне худашро тарафе партофта тавонист. Он чизе, ки сӯяш омад, фақат нӯгакаш ба пои Умари Дузд бархӯрд, пӯсту гӯшти он ҷоро бурид, ё сахт ғозида гузашт. Вале зарба чунон буд, ки Умари Дузд пояшро акнун амсоли пешина соз идора карда наметавонист ва аз рӯи таҷриба пай бурд, чизи нӯгаш пӯсти пойи варо чок карда, балки канда ва гузашта нӯги асои оҳанӣ барин як чиз будааст.

Захмбардории Умари Дузд ҳамчунин барои худаш ғайричашмдошт ва ногаҳон буд, чунон ки худи ӯ бо дастаи худаш мардумро дар ғафлат монда, ногаҳону якбора ҳуҷум мекард ва аз ин боис мардум ҳанӯз ба худ наомада ва ҳанӯз неруҳои ботиниашро алайҳи вай ҷамъ наоварда, вай кори мекардаашро мекарду ғайб мезад...

Ҳоло бошад дастаи кӯчакмондаи варо ҳамин тур дар ғафлат

пешина
аз 194
навбатӣ