Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

мононда буд ҳуҷумгар ва ё ҳуҷумгарон.

Бо вуҷуди ин ҷониби «соҳиб»-и асои партофта тир кушод Умари Дузд, балки варо гум карда буд ва ба ҳар тараф, ки рост ояд, тир мекушод, гӯё маҳз дар он ҷониб бошад ҳуҷумгар. Бале ҳуҷуми он касе, ки дида намешуд девона мекард Умари Дуздро ҳоло.

Вале ҳуҷум шуда буд боз аз ҷониби шахсе, ки дида намешуд.

Баъд...

Аз тангнои нимагор Умари Дузд худашро бо ду шарики ҳанӯз зиндамонда берун кашиданд ва аз ин манзили баногоҳ хатарборва ва хунборшуда дур гирифтан хостанд. Лангону ҷонталвоса ва аз ғазаб даргӯрифта мерафт Умари Дузд ва дар дамиши сапедаи саҳар кадом нафари дигарро ҳам аранге медид, ки аз думбол, аз гор баромада, ҷониби вай ва ҳамроҳонаш меояд. Тир мекушояд аз камони дукӯша ба ҷониби онҳо ин нафар ва аҷибаш, ки ин камони худи одамони Умари Дузд буд ва аҷибаш, ки нафари камонбадасти думболагир яккаву танҳо метофт ва хастагии ҷонқоҳ ва ё ҷароҳат бардоштани кадом узваш эҳсос мегардид ва такони номураттаби ҷисмаш ва хоса ҷунбиши номураттаби сари синааш зиёд буд. Шояд ҳамроҳони дигари ҳуҷумгар аз тирпарронии зиёди Умари Дузд мурдаву акнун вай як худаш танҳо монда, ки танҳо меояд чунин.

Ва Умари Дузд ларзида буд аз ин чизҳои дидааш ва ҳатто суст шуда буд ва ҳатто истода буд. Охир нафари танҳо, ки бо шоҳакамон аз думбол меомад, ба Умар Ҳофиз шабоҳат дошт, яъне ба оне шабоҳат дошт, ки худи Умари Дузд варо рақибаш эълон карда буд. Рақибаш эълон карда буд бе ягон сабаб ва балки аз сари ҳасаду бахилӣ ва моҳҳои ахир ба кофтани вай ин ҷониб, ё ҷониби дигари Исфаразамин мерафт. Мерафту худи варо, яъне Умар Ҳофизро дарнамеёфт, вале шарикони вай ва амсоли вай ҳунармандон ва ҳунарҷӯёнро ёфта, дасту ангушту забону гӯши онҳоро мебурид, то ба ин васила корвонбошии ҳунармандро бештар ба изтироб ва нооромӣ ва безобитагӣ андохта тавонад. Ва чунин кардан дарде шуда буд барои Умари Дузд, ки мақомхону мақомнавоз шудан мехосту аммо нашуда буда...

пешина
аз 194
навбатӣ