Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
ГАРДИ РОҲ
ВА Ё
НАҶОТИ ТАСОДУФӢ
Роҳ ҳар қадар дур бошад, азоб бештар мегардид, зеро он солҳо тамоми роҳро пиёда тай задан лозим меомад.
Мошинсаворӣ дер ва он ҳам тасодуф муяссар мегардид.
Ана маротибе дар роҳ мошине пайдо гардиду ронанда Мирзоро шинохт ва маън кард. Мошин аз халтаҳои сербор пур буд, ки онҳоро ҷониби роҳи оҳан мебурд, то бо василаи қатора ба хати пеши ҷабҳа (фронт) фиристода шавад.
Роҳи мошин ҳоло аз деҳакадае, ки санъаткорон ҷонибаш равона буданд, мегузаштааст. Аз ин муҷиб ронанда ба нею нестони санъаткорон гӯш наандохта, «савор шавед!» — гуфта, такрор мекард ва таъкид менамуд, ки «Хаста шудаед! Намебинед? Болои мошин дам гирифта, меравед то ун деҳ!»
Санъаткорон дигар муқобилият карда натавонистанду ниҳоят болои мошин баромаданд. Мошин равона гардида буд.
Фақат нисфи масофа тай нашуда, вақти бардорузани зиёд, дар роҳи якёнаи пурхатар, яке аз тахтапаллаи (борти) бордони мошин, ки Мирзо бо писараш дар ин тараф менишастанд, кушода шуд ва халтаҳои аз мавизу чормагз пури бордон берун париданд. Ва гар онҳо бо вазни худашон Мирзову писарчаашро тела дода, дур намепартофтанд, баъди ба замин заданашон зери чархи мошин монданашон яқин буд.
Ронанда баъди 20—25 қадам рафтани мошин аз рӯйдода огоҳ гардида, тормозро пахш намуд, мошин якёна шуда, истод. Ронанда худашро аз кабина партофта, тарафи Мирзо, ки рӯи замин хоб мерафт, давид. Сахт метарсид, ба Мирзову писарчаи вай фоҷиа рӯӣ дода. Фоҷиае, ки онро дигар ислоҳ кардан мумкин нест.
Санъаткорони дигар ҳам худашонро аз болои мошин ба замин партофта, ҷониби Мирзову писарчаи вай медавиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё