Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд миёни баъзе мардум ин хел гуфтугузор ҳам ба гӯш мерасид:

  • Ҷигари ҳама хуну дар дили онҳо чӣ хел мегунҷида бошад созу суруд-а? - Мирзову ҳамроҳонашро дар назар дошта буданд гӯяндаҳо.

  • Инҳо низ маҷбур. Ба инҳо низ осон не, - шунида мешуданд посухи нафарони дигар, - Инҳо ғами худро фурӯ бурда, ғами моро кам кардани мешаванд. Намефаҳмӣ, магар инро? Пас инҳо аз мо зӯр. Беҳуда, ба инҳо Худованд истеъдод надода, беҳуда инҳоро ҳунарманд насохта...

...Ҳарчанд дастаи санъаткорон кӯчак буд, вале кӯшиш мекарданд базми созу суруд соати дигар идома ёфта тавонад.

Дастоварди бузург буд дар он солу замонаи вазнину сангин чанд соате одамонро сӯйи умеду шодӣ майл кунонида тавонистан...

Ва ба ин дастаи кӯчак ҳатто муяссар гардид 60-ҳазор сӯм ҷамъ оварда, ба ҷабҳа (фронт) фиристад барои табобати ярадорон ва захмиёни ҷанг. Ин маъно дошт, ки аз пешина зиёд сафарҳои ҳунарӣ доштаанд ва аз пешина бештар ҳунарнамоӣ кардаанд.

Ғайри деҳкадаҳои Исфара дар деҳистони Конибодому Хистеварз (Қистақӯз) ва Истаравшан ва дигар ҷойҳо ҳунарнамоӣ мекарданд барои мардумон ва ҳаводорони зиёд онҳо.

пешина
аз 194
навбатӣ