Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзи дигар ҳам чунин шуд: ин ҷо менишастанд ва ба худ фурӯ рафта буданд Қорӣ Носир ва бачаяк Мирзо.

Ниҳоят Қорӣ Носир аз зери багали ҷомааш як чизеро берун баровард, ки он гиччаки фарангӣ буд. Ҳамон гиччаке, ки онро худи Умар Ҳофиз миёна шуда, харида оваронда буд.

Ҳарчанд одати ин диёр набуд, дар сари қабр мусиқа навозанд, вале менавохт инак Қорӣ Носир гиччаки дасти худашро. Ва менавохту ашк ҷорӣ буд дар рухсораш. Вай гӯё медонист, рӯхи марди бузурге, ки Умар Ҳофиз ном дошт, фақат аз созу наво таскину оромӣ ёфта метавонад.

Баъд Қорӣ Носир гиччаку камонакро дода буд ба дасти Мирзои Навозанда...

Мирзо ҳам бо дастони ларзон камонаки ларзонро ба тораҳо расонид ва болои он алвонҷ дод. Тораҳо ба ларза омада, созу навои ларзон ҳосил шуд, гӯрхонаҳоро фаро гирифт, хосатан гӯрхонаи падархонди азизу бузургвораш Умар Ҳофисро. Ҳамон Умар Ҳофиз, ки то ҳадде дар роҳи ҳимояи вай, яъне ҳимояи Мирзо ҳам ҷон бохта буд.

Дастони Мирзои кӯчак меларзиданд, камонаки болои тораҳои гиччак ларзиш доштанд. Оҳанг низ ларзон метаровид ва метаровид.

Мирзои кӯчак ҳам медонист, рӯхи марди бузурги шефтаи созу наворо, рӯхи Умар Ҳофизро фақат созу наво оромиву осудагӣ бахшида метавонад.

Шояд дар гӯр ҳам инсон арому осуда набушад ва арому осуда нашавад, абадан хобиданаш осон набудааст. Ҳаа, барои хоби абад ҳам осудагӣ ва таскине лозим будааст...


Қорӣ Носир ҳамроҳи Мирзо, ҳафт рӯз, ҳар сабоҳ баъди намози бомдод ба сари қабри Умар Ҳофиз меомаданд.

Ва баъди гузашти маросими ҳафт боз ба зиёратии қабри Умар Ҳофиз омада буданд. Ва пас аз тулони хомӯшу андешапеч нишастан Қорӣ Носир ниҳоят забон ба гуфтор кушода буд:

пешина
аз 194
навбатӣ