Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ва шумо бояд ҷумҳурии азизамонро боз ҳам ободу зебо намоед.

Ҷаноби Олӣ низ қайд карданд, ки ҳар гоҳ чун ба Роғун сафари корӣ анҷом диҳанд, албатта, ба ин пойгоҳи истеҳсолӣ омада, бо натиҷаҳои минбаъдаи заҳмати мутахассисини «Нурафшон» шинос мешаванд...


  • Ҳоло мо бо сохтмони анбор машғулем, - саҳифаҳои вазифаи навбатии «Нурафшон»-ро варақ мезанад Амрулло Халилов, - ин анбор барои нигоҳдории бентонит ва намак хоҳад буд. Муассисаҳои «Нурсоз», «Некзод», «Дагспецстрой» («Доғистонмаҳсуссохтмон»), ки бо корҳои сементатсионӣ машғуланд, аз ин анбор истифода менамоянд. Бентонит хокаи махсусест, ки вақти чоҳкобӣ онро бо об шӯрида дар кофтани чоҳ истифода менамоянд, то деворҳои чоҳ фурӯ наафтанд. Намакобро бо чоҳҳои кофта ба зери даргот мерезанд, то об ба қабати намак наравад ва онро вайрон накунад. Дар замони шӯравӣ барои ҳимоя аз намаки зери даргот зиёда аз даҳ миллион сӯм маблағ ҷудо шуда буд. Як қисми ин маблағ сарф шудааст. Барои ҳимоя аз намак муассисаи «Тоҷикгидромонтаж», корхонаи сементатсионӣ, нақбканон банд ҳастанд, аллакай нақби ҳимояи намак омода гардидааст. Ба зиммаи муассисаи мо рехтани намакоб супурда шудааст, ки ба ҳамин васила кори дар замони шӯравӣ оғоз ёфтаро давом медиҳем. Аслан Иттиҳоди Шӯравӣ ба нақша гирифта будааст, ки неругоҳи Роғунро бо усулҳои муосир бисозад. Масалан, дар сохтмони сарбанди он тасмаи ҳаракаткунандаи резиниро ба кор бурда будаанд. Майдони санҷиш соҳили рости дарё, дашти Чӯшон ҳисоб меёфт, ки дар он ҷо чилу чор миллион куб сангу шагал захира гардида буд. Тавассути тасмаи ҳаракаткунандаи резинӣ сангу регро ба даргот меовараду худи об боз ба дарё ҳамроҳ мешуд, яъне чи
пешина
аз 216
навбатӣ