Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

тавре ки мегӯянд, об агар сад пора гардад боз бо ҳам ошност. Ба лафзи муҳандисӣ онро бастани сарбанд бо усули гидронамик меноманд. Мутаассифона, ин ҳама корҳои нек бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба анҷом нарасиданд. Аммо ононе, ки имрӯз дар ин сохтмони умумихалқии сарнавиштсоз хизмат мекунанд, неругоҳро бояд сурату сифати олӣ ва фарҷоми нек бубахшанд ва ба ҳамин васила истиқлоли Ватанро боз ҳам қавитар таҳким намоянд...


Чанде пеш Амрулло Халилов дар ҷашни панҷоҳсолагии фаъолияти Мигуренко Валерий Ростиславович дар муассисаи «Спетсгидроэнергомонтаж»-и Ленинград — Санкт-Петербург ширкат намуд. Дар маҳфили ҷашн бисёр сифатҳои ҳамидаи ин муҳандис зикр гардиданд ва аз ҷумла баён ёфт, ки Мигуренко ба тӯли кори панҷоҳсолаш яксаду як чархаи неругоҳҳоро васлу насб ва фаъол намудааст. Чархаҳои неругоҳҳои Сарбанд, Марказӣ, Шаршар, Норак, Бойғозӣ (Тоҷикистон), Саяно-Шушенск, Красноярск (Русия), Ассуан (Миср), Сурия, Нелу (Ҳиндустон) ва дигар минтақаҳо.

  • Аз чунин кору умри босамарат, - мегӯяд Амрулло Муқаддасович, - ба таври ҳаққонӣ ифтихор кардан месозад. Фаъолияти ин муҳандиси бузурги соҳаи сохтмони неругоҳи барқи обӣ барои мо басе ибратбахш аст. Ман хушбахтам, ки алъон муассисаи «Нурафшон» кори «Спетсгидроэнергомонтаж»-ро дар Тоҷикистони азиз идома мебахшад. Ва дар ин корхона ҳоло ва минбаъд мисли Мигуренко муҳандисини ҳақиқӣ ва олимартабаи тоҷик ба камол мерасанд.
пешина
аз 216
навбатӣ