Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Игор Шарифов, Саймӯмин Иброҳимов, Назирмад Сафаров, Абдуқаҳҳор Ғафуров, Садриддин Ғиёсов ва дигар коргарони он, ки камераи спиралии дар пойгоҳи истеҳсолӣ бударо ба дараҷаи талаботи муосири техникӣ васл кардаанд, комилан ба суфуфи ҳамин мутахассисини олимартабаи ленинградю петербургӣ шомил ҳастанд. Сано бодо ба ин муҳандисини оқил ва доно, ҷӯянда ва тавонманди кишвар, ки бо неруи хираду маҳорати дастони хеш ҳам Роғунро месозанд, ҳам силсилаи дигар неругоҳҳоро!

Директори генералии ҶСК НБО-и Роғун, вакили мардумӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Хайрулло Амиралӣ ба камераи спиралии васлнамудаи муассисаи «Нурафшон» баҳои баланд дод.

  • Шумо бо иҷрои ин кори мураккаби техникӣ, - гуфт Хайрулло Сафарзода ба Халилов, - собит намудед, ки минбаъд муҳандисини тоҷик ҳар гуна неругоҳҳои пуриқтидорро мустақилона бунёд карда метавонанд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин кори шумо ниҳоят хурсанд мешаванд.

Вақте ки Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роғун сафари корӣ доштанд, дар пойгоҳи истеҳсолии «Нурафшон» бо муҳандису коргарони ин муассиса мулоқот намуда, камераи спиралии васлкардаи онҳоро диданд. Ва дар назди ҳамин қисмати муҳими неругоҳ бо гурӯҳи коргарому мутахассисон сурати якҷоя гирифтанд.

Амрулло Халилов ба Сардори давлат ваъда дод, ки агар муҳандисини муассисаи «Нурафшон» дар васлу насби ду чархай неругоҳи Роғун бо мутахассисони корхонаҷоти Харков ширкат намоянд, дигар чархаҳои неругоҳро худашон мустақилона васлу насб хоҳанд кард.

  • Ин азми қатъии бунёдкорона сазовори таҳсин аст, - гуфтанд Роҳбари давлат, - ояндаи Ватан дар дасти шумост
пешина
аз 216
навбатӣ