Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

дар Роғун масъулият доштанаш маро ба кор нагирифта буд. Роҳбари ба ҷои ӯ омада – Ким Лаврентий Иннокентевич алхол мушовири муассисаи «Русгидро»-и кишвари Русия мебошад.

Хулоса, мутахассисини олирутбаи «СГЭМ»-и Санкт-Петербург ба Роғун омаданд ва натиҷаи амали моро дида, дақиқан санҷиданд ва дар корамон ягон камбуди наёфтанд. Аввал онҳо мегуфтанд, ки камераи спиралӣ аз ҷумлаи гидроконструксияҳои қачмақачу печида аст ва аз ҳар сомони неругоҳ дида хеле бештар печидагиҳо дораду ҳар як қисмати онро ҷо ба ҷо монда, васл намудан ниҳоят мураккаб аст ва онро фақат мутахассисини пурдону пуртаҷрибаи олимартаба бояд васлу насб намоянд. Лекин ба кори мо ниҳоят хӯрдагирона муносибат кардаву санҷида бошанд ҳам, нуқси онро наёфтанд ва тан додаю қоил шуданд.

Амрулло чун қоил шудани мутахассисини олимартабаи петербургиро фаҳмид, ҳамон ҳикмати аз падар шунида ба ёдаш расид. «Чашм номард аст, ки тарсро мебинад, - гуфта буд боре амаки Ҳоҷӣ Муқаддас, - писаронам, дар кор ҷасурона пеш равед, пас баракати заҳмати худро мебинед».

Ҳақиқатан ҳам дар ин амали Амрулло ва ҳамкорони ӯ як зарра қаҷравию инҳироф набуд. Зимнан камераи спиралӣ яке аз қисматҳои муҳимтарини неругоҳ буда, агар неругоҳро ба осиёб муқоиса кунем, камераи спиралӣ хизмати парраи осиёбро иҷро менамояд, об бо қудрати бузург ба камераи спиралӣ бархӯрда, онро тоб медиҳад ва дар навбати худ камераи спиралӣ чархаро мечархонаду бо ҳамин мӯъҷиза ба амал меояд ва аз неруи об фурӯғи ҷонбахши оташ, яъне нуру нор пайдо мешавад. Вагар ҳамин камераи спиралиро мутахассисини олимартаба васл намоянд, пас роҳбари муассисаи «Нурафшон»-и тоҷик Амрулло Ҳалилов ва муҳандисини ин корхона Бахтиёр Худоёров,

пешина
аз 216
навбатӣ