Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хонданСохтмони пойгоҳи истеҳсолии ширкати «Нурафшон» барои Амрулло Муқаддасович вазифаи муҳимтарин маҳсуб гардида, боиси ифтихор ҳам мебошад.
- Ин минтақа аз замони шӯравӣ нообод монда, солҳои минбаъда ба ҷои харобазоре табдил ёфта будааст, - нақл мекунад Халилов, - ба дирексияи сохтмон дархост навишта, иҷозат пурсидем, ки ҳамон қитъаи вайронаро барои худ пойгоҳи истеҳсолӣ бисозем. Он минтақаро кӯҳдомони Ҳайдарӣ мегӯянд ва ба махзани сангу шағали рақами понздаҳ наздик аст. Дирексия ба ин сохтмон иҷозат дод ва мо бо заҳмати дастони худ он партовгоҳро обод кардем, пеш аз ҳама устохона, хобгоҳ барои сад нафар, ошхона, нонпазхона, ҳаммом бунёд намудем. Дар майдони сохтмонии он крани панҷҷонҳадагӣ устувор кардем, кране, ки васлу насбаш кори дӯстдоштаи ман аст. Давродаври пойгоҳро панҷара гирифта, сангпораҳои гирду атрофро барчидем ва дар ҷойҳои холӣ дарахтони гуногун шинондем, ки ҳоло сарсабз гардида, хеле қад барафрохтаанд. Ҳамчунон дар паҳлуи роҳравҳо тухми гулҳои гуногунранг киштем, ки шукуфтани ин гулҳо рӯҳи моро болида сохта, ба дилҳоямон сурур мебахшанд.
Амрулло Муқаддасович бо мутахассисини корхонаи худ дар ҳамин пойгоҳи истеҳсолӣ вазифаи печида ва мураккабтарини муҳандисиро анҷом дода, собит намуд, ки минбаъд ба иҷрои корҳои душвори техникии сохтмонӣ неругоҳҳо қудратманд аст. Ин кори мураккаб васли камераи спиралие мебошад, ки дар заводи Трубоатоми шаҳри Харков истеҳсол гардидааст.
- Вақте ки мо камераи спиралиро васл кардем, - мегӯяд Амрулло Муқаддасович, - барои баҳогузорӣ ба ин корамон мутахассисини «Спетсгидроэнергомонтаж»-и Санкт-Петербургро даъват намудем, зеро мо бо ин муассиса ҳамкорӣ дорем. Ҳоло ба ин корхона Мигуренко Валерий Ростиславович роҳбарӣ мекунад, ҳамон муҳандисе, ки вақтхои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё