Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Худи Амрулло Муқаддасович дар ин хусус нақл мекунад, ки барои иҷрои ҳар як кор ҳисобу китоби дақиқ лозим аст ва чун шумо ҳаҷми кор ва усулу равиши анҷом медадатон ва имконияти тобеини худро дар варақи қоғаз муайян ва собит намоед, пас аён мегардад, ки шумо онро ба сурату сифати хуб ба итмом расонида метавонед ё хайр. Аслан мо тайёр ҳастем, ки барои Роғун тамоми корҳои аз дастамон меомадаро иҷро кунем. Зеро Роғун ояндаи нурафшони кишвари азизи мост. Пеш аз оғози кор ҳисобомон дақиқ буд ва ғарғараи борбардории қубурҳоро кашида мутобиқи амри мо қуллаи кӯҳи Уқобонро бо қуллаи кӯҳи Мирамард бо роҳи муртафеи осмонӣ пайваст намуд.

Муассисаи «Нурафшон» барои хушсифат ва ба зудтарин фурсат анҷом додани насби қубурҳои сесаду шастметраи обу ҳавогузаронӣ аз тарафи муовини аввали сарвазири ҳукумат сазовори мукофот гардид.

Мутахассисини ширкати «Нурафшон» бо роҳбарии Амрулло Ҳалилов корҳои арматурбандии тақи дарвозаи нақби сохмониро низ хушсифат иҷро карданд. Тавре ки маълум аст, барои фаҳмидан ва муайян намудани ҳар як лаппишу ларзиши андруни нақб дар зери ҷомаи ғафси тунукагину бетонии он асбобҳои ҳозиразамони ченкунию назоратиро насб кардан зарур аст. Иҷрои чунин кори нозук ба зиммаи ширкати «Нурафшон» вогузор гардида буд, ки он низ мувофиқи матлаб анҷом ёфтааст. Сохтани чордаҳ адад обдони хурду бузург ба ғунҷоиши аз яксаду шаст то ҳафтсаду шаст кубӣ барои мутахассисини муассисаи «Нурафшон» ва раиси он амали муқаррарӣ ҳисоб меёбад ва ин обдонҳо тибқи зарурати сохтмон дар минтақаҳои мухталиф насб карда шудаанд.

Бале, Амрулло Ҳалилов саҳеҳ ва бамавқеъ гуфтааст, ки «Нурафшон» барои пешрафти сохтмони неругоҳи Роғун кулли корҳои дилхоҳу матлубро иҷро менамояд.

пешина
аз 216
навбатӣ