Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

Ин ҳам аз ҷумлаи аввалин супоришҳо буд ба кормандони муассисаи «Нурафшон». Пай дар ҳам ду ё се ширкати хусусӣ иҷрои ин корро бар дӯш гирифта, вале пас аз ҳафтае изҳор доштанд, ки анҷоми чунин амр берун аз иқтидору имконоти эшон аст. Баъди ин моҷаро иҷрои онро бар зиммаи Амрулло Ҳалилов супурданд ва илова намуданд, ки масъалаи мазкур таҳти назорати шахсии муовини аввали сарвазири ҳукумат аст. Ин супориш насб кардани қубурҳои обу ҳавогузаронӣ аз болои дарёи пуртуғёни Вахш буд, яъне аз соҳили рост ба соҳили чап дар иртифои қуллаҳои кӯҳсорон. Гап дар сари он аст, ки соҳили рости дарё тарафи шаҳри Роғун буда, ободу маъмур аст. Акнун зарурӣ пеш омадааст, ки барои иҷрои корҳои сохтмон аз ҳамин соҳили обод, яъне аз рост ба соҳили начандон ободи чап қубурҳои обу ҳавогузаронӣ насб намоянд. Барои пешрафти кор иҷрои чунин амр амали муқаррарист. Тавре ки собиқадорони сохтмон ҳикоя мекунанд, дар солҳои аввали оғози корҳои неругоҳи Роғун як нафар сарвари механизаторон булдозерро аз рӯди Вахш ҳамин тавр, яъне аз соҳили рост ба соҳили чап гузаронида шудааст. Албатта, он вақт дар болои дарё ҳанӯз кӯпрук насохта будаанд ва чӣ тавр анҷом ёфтани ин убури таърихии булдозер аз дарёи пуршӯр ва хунмаст худ як қиссаи алоҳидааст.

Амрулло Ҳалилов бо мутахассисону коргаронаш қубурҳои обу ҳавогузарониро ба тӯли як ҳафта насб карданд. Касе дар варақи тобасанг, ки хати қубурҳо аз болои он гузаштааст, байти зерини шоирро сабт намудааст:

Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан,
Гови нар мебояду марди куҳан.

Ҳар касе, ки ин шеърро дар тобасанг ҳаккокӣ кардааст, ба ҷасорату фидокории мутахассисини ширкати «Нурафшон» қоил шуда будааст.

пешина
аз 216
навбатӣ