Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

менамоям, ки чордаҳ соли фаъолиятам дар ин муассиса бароям дабистони хубе шуд ва дар он бисёр сабақҳо омӯхтаам. Сонитар ин муассиса ба «Тоҷикспецгидроэнергомонтаж» бадал ёфт ва мутаассифона, дар давраи роҳбарии Қурбонов Рустам Усмонович фаъолияти чунин корхона фалаҷ гардид. Дар фалаҷ шудани кори «Тоҷикспецгидроэнергомонтаж» ман камбудии Вазорати барқу саноати ҷумҳуриро мебинам. Намедонам чӣ сабаб буд, ки зимни васлу насби чарҳаҳои неругоҳи Сангтӯда - 1 муҳандисини тоҷик фаромӯш шуданд ва дар он иштирок накараданд. Ҳол он ки баръакс мо, тоҷикон аз ин кори муҳим дур намонда, бояд дар паҳлуи васлгарони хориҷӣ мебудему дар он саҳми худро мегузоштем ва дар баробари ин таҷрибаю малакаамонро низ афзун менамудем. Возеҳ аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ доир ба васл кардани қалби неругоҳ, яъне агрегати он ба мо бовар надоштанд, вале дар замони истиқлолият акнун тамоми роҳҳо ифтитоҳ шудаанд ва барои пайсипарӣ намудани ин роҳҳо набояд ягон гиреваю садамае мавҷуд бошад.

Ҳамин омилҳо ба ман такон доданд, ки корхонаи худро таъсис намоям ва дар васлу насби чарҳаҳои неругоҳҳое, ки минбаъд сохта мешаванд, иштирок бикунам. Шукрона мегӯям, ки дар корхонаи ман муҳандисини ҳақиқӣ бисёранд. Инчунин бародарам Талабшоҳ ҳамроҳам кор мекунад ва ҳоло писарам Парвиз дар факултаи гидротехникии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур таҳсил менамояд. Ва ӯ ният дорад, ки пайрави ман шуда, пас аз хатми мактаби олӣ ба муассисаи «Нурафшон» ба кор ояд. Ман ҳозиру омода ҳастам, ки ҳам ба писари худам, ҳам ба кулли ҷавонмардони тоҷик, агар онҳо ба наздам оянд, ҳунару корамро ёд диҳам. Зеро дар Тоҷикистони ба ҷон баробарамон рӯдҳои хурӯшон зиёданд ва мо дар онҳо неругоҳҳои муқтадир хоҳем сохт.


пешина
аз 216
навбатӣ