Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

роҳбарияти сохтмон бо сифати олӣ анҷом ёфтааст. Ба ҳамин васила силсилаи мунтазами супоришҳо оғоз гардиданд ва «Нурафшон» ҳар як корро ба дараҷаи нуронӣ мерасонд ва боз омодаи кор мешуд...

Дар давраҳои аввали фаъолияти ширкати «Нурафшон» боре як рӯзноманигор ба Амрулло Ҳалилов бо чунин савол муроҷиат намуд:

  • Маълум аст, ки шумо зодаи Оби Гарм ҳастед ва албатта, бисёр мехоҳед, ки дар сохтмони умумихалқии неругоҳи Роғун саҳмгузор бошед. Лекин бар иловаи ин боз кадом воқеа такон бахшид, ки муассисаи «Нурафшон»-ро ташкил намоед?

  • Солҳои ҳаштодум ман мехостам, ки ба муассисаи «Спетсгидроэнергомонтаж»-и шаҳри Ленинград ба кор дохил шавам. Он солҳо як шӯъбаи ин муассиса дар сохтмони неругоҳи Роғун ифои вазифа менамуд ва муҳандисини корхонаи мазкур хеле баландмартаба буда, бештар бо васлу насби дили неругоҳҳо, яъне чархаҳои он ва дигар корҳои ҳассос машғул мешуданд. Ҳайратангез он буд, ки ба «Спетсгидроэнергомонтаж» аксаран мутахассисини ленинградӣ ва маскавӣ, яъне фақат русҳо кор мекарданду намояндагони ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумлаи қазоқҳо, қирғизон, тоҷикон, туркманҳо, ӯзбекон як нафар ҳам набуданд. Ман аз таҳти дил хоҳиш доштам, ки дар ҳамин муассиса кор кунам ва дар ҳамкорӣ бо муҳандисини олирутба донишу маҳорати дар бобати васлу насби чархаҳои неругоҳ ва дигар нуқтаҳои иншооти мураккаб доштаамро такмил диҳам. Ва аз ҳама муҳимаш ҳамчун муҳандиси ҳақиқӣ бо дастони худ чархаҳои неругоҳҳоро васлу насб намоям. Аммо солҳои минбаъда, вақте ки фаъолияти «Спетсгидроэнергомонтаж» хеле заиф гардида, аксари муҳандисини асили он ба Ленинграду Маскав баргаштанду ба он муҳандиси ғайрипитерӣ — Ким Лаврентий Иннокентевич роҳбарӣ мекард, ба ин муассиса ба кор даъват гардидам. Албатта, ман инкор намекунам ва бо эҳтиром зикр

пешина
аз 216
навбатӣ