Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чун лаиме бо ҳазорон айбу ор,
Рўзу шаб дар халқи олам ошкор,
Бинад андак айб аз соҳибкарам,
Барнаёрад ҷуз ба таъну лаън дам.
Он ба айби ин шавад яксар забон
В-ин ба зикри он наёлонад даҳон.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Лаим агар ба шутур бахшадат ато, маситон,
Ки ин зи одати аҳли карам бурун бошад.
Қилодае, ки зи миннат ба гарданат бандад,
Ҳазор бор зи бори шутур фузун бошад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Инон ба дасти фурўмоягон мадеҳ зинҳор,
Ки дар масолеҳи худ сарф мекунанд туро.
Собири Табрезӣ
Мешавад дар луқмаи аввал зи ҷони хеш сер,
Бар сари хони лаимон ҳар ки меҳмон мешавад.
Собири Табрезӣ
Қавме, ки занонро бифурўшанд ба шир,
Ё ин ки ризо диҳанд дар хизмати пир,
Дайюсонанду нози исмат доранд,
Бар занҷалабони бехирад таъна магир!
Абдулқодири Бедил
Ҳар сифла барои худ кару фар дорад,
Оби рухи иззаташ кӣ бовар дорад?
Ҳарчанд баланд гашта бошад девор,
Хоки таҳи пост, он чи бар сар дорад!
Абдулқодири Бедил
Одами бад чун каждум
Заҳр мезанад ба мардум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё