Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тан ба бечорагию гурсунагӣ
Бидеҳу даст пеши сифла мадор!
Саъдии Шерозӣ

На мунъим ба мол аз касе беҳтар аст,
Хар ар ҷул зи атлас бипўшад, хар аст.
Саъдии Шерозӣ

Агар аблаҳе мушкро ганда гуфт,
Ту маҷмўъ бош, ў пароканда гуфт!
Саъдии Шерозӣ

Аз девони зери замин чандон ба ҳазар набояд буд, ки аз девони рўи замин, яъне одамиёни бад.
Саъдии Шерозӣ

Сифла зи душман батар аст, эй азиз,
К-ў набувад бар дили худ рост низ.
Хусрави Деҳлавӣ

Ба дандон рахна дар пўлод кардан,
Ба нохун роҳ дар хоро буридан;
Фурў рафтан ба оташдон нагунсор,
Ба пилки дида оташпора чидан;
Ба фарқи сар ниҳода сад шутур бор,
Зи машриқ ҷониби мағриб давидан,
Басе бар Ҷомӣ осонтар намояд,
Ки бори миннати дунон кашидан.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба сад воя муҳтоҷ ҷон костан
Беҳ аз ҳоҷат аз нокасон хостан.
Зи хоҳиш бад-эшон марез оби рўй,
Мадор оби рўро кам аз оби ҷуй!
Абдураҳмони Ҷомӣ

пешина
аз 331
навбатӣ