Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳеч донӣ, аз чӣ бошад қимати озодмард?
Бар сари хони лаимон даст кўтаҳ кардан аст!
Абдулмаҷди Саноӣ

Талаби суҳбати хасон накунӣ,
Такя бар аҳди нокасон накунӣ!
Абдулмаҷди Саноӣ

Саг сулҳ кунад ба устухоне,
Нокас накунад вафо ба ҷоне.
Низомии Ганҷавӣ

Гар ту бинӣ нокасеро дастгоҳ,
Ҳоҷати худро аз ў ҳаргиз махоҳ!
Фаридуддини Аттор

Бар дари нокас қадам ҳаргиз мабар,
В-ар бибинӣ ҳам, мапурс аз вай хабар!
Фаридуддини Аттор

Илму молу мансабу ҷоҳу қирон
Фитна орад дар кафи бадгавҳарон.
Ҷалолиддини Румӣ

Сагеро луқмае ҳаргиз фаромуш
Нагардад, гар занӣ сад навбаташ санг
Ва гар умре навозӣ сифлаеро,
Ба камтар тундӣ ояд бо ту дар ҷанг.
Саъдии Шерозӣ

Ало, то нашнавӣ мадҳи сухангўй,
Ки андак моя нафъе аз ту дорад.
Агар рўзе муродаш барнаёрӣ,
Дусад чандон уюбат баршуморад.
Саъдии Шерозӣ
Бибин он беҳамиятро, ки ҳаргиз
Нахоҳад дид рўи некбахтӣ:
Таносоӣ гузинад хештанро,
Зану фарзанд бигзорад ба сахтӣ.
Саъдии Шерозӣ

Хари Исо агар ба Макка равад,
Чун биёяд, ханўз хар бошад.
Саъдии Шерозӣ

Бар сияҳдил чӣ суд гуфтан ваъз?
Наравад мехи оҳанин дар санг.
Саъдии Шерозӣ

Ҳадиси ишқ аз он баттол манйўш,
Ки дар сахтӣ кунад ёрӣ фаромўш.
Саъдии Шерозӣ

Ҷазои мардумӣ ҷуз мардумӣ нест,
Ҳар он, к-ў ҳақ надонад, одамӣ нест!
Саъдии Шерозӣ

Чу бо сифла гўӣ ба лутфу хушӣ,
Фузун гардадаш кибру гарданкашӣ.
Саъдии Шерозӣ

Мапиндор, агар сифла Қорун шавад,
Ки табъи лаимаш дигаргун шавад.
Саъдии Шерозӣ

Сари сифларо рўи болиш манеҳ,
Сари мардумозор бар санг беҳ.
Саъдии Шерозӣ

Сифларо қувват мадеҳ чандон, ки муставлӣ шавад,
Гургро чандон, ки дандон тезтар, хунрезтар.
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ