Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Бад ба ситоиши аблаҳон нек нагардад ва нек ба накўҳиши муонидон бад нашавад.
Бадхоҳон ба ҳеҷ матлаб нарасанд.
Ба каримон овез, аз лаимон гурез!
Номард занад ҳамеша лофи мардӣ.
Хоин ҳамвора хоиф аст.
5.НОДОНӢ ВА ҶОҲИЛӢ
Зеҳ доноро гўянд, ки донад гуфт,
Ҳеч нодонро донанда нагўяд зеҳ!
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Бедонишон душмани донишанд.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Ҳама чизҳоро писандад хирад,
Магар нохирадмандию хўи бад.
Абўшакури Балхӣ
Таносоиву коҳилӣ дур кун,
Бикўшу зи ранҷи танат сур кун!
Ки андар ҷаҳон ганҷи беранҷ нест,
Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест.
Абулқосими Фирдавсӣ
Тани марди нодон зи гил хортар,
Ба ҳар некувӣ носазовортар.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи нодон бинолад дили сангу кўҳ,
Азеро надорад бари кас шукўҳ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи мурда батар, ҳар ки нодон бувад,
Ҳама зиндагониш зиндон бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Тани мурда чун марди бедониш аст,
Ки нодон ба ҳар ҷой беромиш аст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Оре, ба ҷоҳилӣ натавон кард меҳтарӣ!
Абулҳасани Фаррухӣ
Агар хоҳӣ, ки бар дилат ҷароҳате нарасад ва ҳеҷ марҳам напазирад, бо ҳеҷ нодон мунозара макун!
Унсурулмаолии Кайковус
Коҳилӣ шогирди бадбахтист.
Унсурулмаолии Кайковус
Бипарҳез аз нодоне, ки худро доно шумарад.
Унсурулмаолии Кайковус
Бувад мурда ҳар кас, ки нодон бувад,
Ки бедонишӣ мурдани ҷон бувад.
Асадии Тўсӣ
Тани мурдаву ҷони нодон якест.
Асадии Тўсӣ
Дарахти унси нодон бар наёрад,
Ҳузураш ҷуз, ки дарди сар наёрад.
Зиён пайдо кунад, гар суд хоҳад,
Биёрад шар, агар беҳбуд хоҳад.
Носири Хусрав
Хашми худро чунки ронад ҷоҳиле,
Ҷуз пушаймонӣ надорад ҳосиле.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё