Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Саг бар он одамӣ шараф дорад,
Ки дили мардумон биёзорад.
Ҳофизи Шерозӣ
Хоҳӣ, ки зи ҳар сў назаре сўи ту бошад,
Зинҳор, маранҷон дили соҳибназаронро!
Бадриддин Ҳилолӣ
Чун зи озори дил хабар дорӣ,
Дил зи озор беҳ, ки бардорӣ.
Чун дар озурдагӣ надорӣ тоб,
Пас, дар озори дигарон маштоб!
Кори девон бувад дилозорӣ.
Абулқосим Лоҳутӣ
Дил, ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст, Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст.
Шишаи бишкастаро пайванд кардан метавон, Мурғи аз каф ҷастаро побанд кардан мушкил аст.
Касе, к-ў пеша кард озори мардум, Ба маънӣ бадтар аст аз мору каждум.
То тавонӣ, диле ба даст овар,
Дил шикастан ҳунар намебошад.
Аз дилозор ҳама безор.
3.ДУШМАН ВА ДУШМАНӢ
Он киро донам, ки ўям душман аст
В-аз равони пок бадхоҳи ман аст,
Ҳам ба ҳар гаҳ дўстӣ ҷўям-ш ман,
Ҳам сухан б-оҳистагӣ гўям-ш ман.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Маялфанҷ душман, ки душман яке
Фузун аст, дўст ар ҳазор, андаке.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Мухолифони ту мўрон буданд, мор шуданд,
Баровар аз сари мўрони моргашта димор!
Макун даранг аз ин бешу рўзгор мабар,
Ки аждаҳо шавад, ар рўзгор ёбад, мор.
Масъуди Марвазӣ
Зи душман гар айдун биёбӣ шакар,
Гумон бар, ки заҳр аст, ҳаргиз мах(в)ар!
Абўшакури Балхӣ
Зи душман макун дўстӣ хостор
Вагарчанд хонад туро шаҳриёр.
Дарахте бувад сабзу бораш каб аст,
Агар пой гирад, сар ояд ба даст.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи душман наёяд ба ҷуз душманӣ
Ба фарҷом, ҳарчанд некӣ кунӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Искандар гуфт, ки на ман манфиат ҳама аз дўстон ёбам, балки аз душманон низ ёбам, аз он ки агар дар ман феъли зишт бувад, дўстон бар мўҷиби шафқат бипўшанд, то ман надонам ва душман бар мўҷиби душманӣ бигўяд, то маро маълум шавад, он феъли бад аз хештан дур кунам; пас, аз душман манфиатёфта бошам.
Унсурулмаолии Кайковус
Ҳар ки душманро хор дорад, зуд хор гардад.
Унсурулмаолии Кайковус

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё