Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мабар бар сари нотавон дасти зўр,
Ки рўзе ба пояш дарафтӣ чу мўр!
Саъдии Шерозӣ

Говону харони борбардор
Беҳ з-одамиёни мардумозор!
Саъдии Шерозӣ

Писандида-ст бахшоиш, валекин
Манеҳ бар реши халқозор марҳам!
Саъдии Шерозӣ

Касоне, ки бадро писандидаанд,
Надонам, зи некӣ чӣ бад дидаанд?!
Саъдии Шерозӣ

Ҳар ки касеро наранҷонад, аз касе натарсад. Каждум, ки ҳаметарсад, ҳамегурезад аз феъли хабиси хеш; гурба дар хона эмин аст аз беозорӣ ва гург дар саҳро саргардон аз бадфеълӣ.
Саъдии Шерозӣ

Озори дили заифон саҳл нагиред, ки мўрон ба иттифоқ шери жаёнро оҷиз гардонанд ва пашшаи бисёр пили дамонро аз пой дароранд.
Саъдии Шерозӣ

Саг аз мардуми мардумозор беҳ!
Саъдии Шерозӣ

Касе, к-аз ранҷи мардум гум набошад,
Ба назди мардумон мардум набошад.
Хусрави Деҳлавӣ

Набояд дўстонро дил шикастан,
Ки чун бишкаст, натвон бозбастан.
Рукниддини Авҳадӣ

пешина
аз 331
навбатӣ