Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Нашнавидам, ки мурғи рафта зи дом
Бозгардиду сирри гуфта ба ком.
Мурғи ваҳшӣ, ки рафт бар девор,
Кӣ тавонад гирифт аз сари бор?
Рафтагонро ба лутф бозоранд,
На ба ҷангаш батар биёзоранд!
Саъдии Шерозӣ
Гар хирадманд зи авбош ҷафое бинад,
То дили хеш наёзораду дарҳам нашавад.
Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.
Саъдии Шерозӣ
Чу хашм оядат бар гуноҳи касе,
Таҳаммул кун андар уқубат басе!
Ки саҳл аст лаъли Бадахшон шикаст,
Шикаста нашояд дигар бор баст!
Саъдии Шерозӣ
Эй забардасти зердастозор,
То ба кай гарм монад ин бозор?!
Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?!
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!
Саъдии Шерозӣ
Агар дўст бар худ наёзурдамӣ,
Кай аз дасти душман ҷафо бурдамӣ?
Ба ночор душман бидаррид-ш пўст,
Рафиқе, ки бар худ биёзурд дўст.
Саъдии Шерозӣ
Дили зердастон набояд шикаст,
Мабодо, ки рўзе шавӣ зердаст!
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё