Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Бадхоҳ ҳеҷ ба матлаб нарасад.
Бад ҳамаро бад донад.
- МАРДУМОЗОРӢ ВА ДИЛОЗОРӢ
Ҳар чи он бар тани ту заҳр бувад,
Бар тани мардумон мадор ту нўш!
Маънавии Бухороӣ
Маёзор касро, ки озодмард
Сар андар наёрад ба озори мард.
Абулқосими Фирдавсӣ
Маи лаъл хур, хуни дилҳо марез,
Ту хокӣ, чу оташ машав тунду тез!
Абулқосими Фирдавсӣ
Бипарҳез, аз ҳар чи нокарданист,
Наёзор онро, ки н-озарданист.
Абулқосими Фирдавсӣ
Беозорию хомушӣ баргузин,
Кӣ гўяд, ки нафрин беҳ аз офарин?!
Абулқосими Фирдавсӣ
Чаро душман нахонӣ касеро, ки ҷавонмардии хеш дар озори мардумон донад?
Унсурулмаолии Кайковус
Агар хоҳӣ, ки аз ранҷидагӣ дур бошӣ, он чи наравад,
марон!
Унсурулмаолии Кайковус
Агар хоҳӣ, ки бебим бошӣ, беозор бош!
Унсурулмаолии Кайковус
Ҳама касро бипечад дил зи озор,
Ҳама касро ҷафо сахт ояд аз ёр.
Фахриддини Гургонӣ
Гар бихоҳӣ, к-ат наёзорад касе,
Бар сари ганҷи камозорӣ нишин!
Носири Хусрав
Маранҷон кас, махоҳаш узр аз он пас,
Ки бадкорӣ бувад ранҷондани кас!
Носири Хусрав
Макун коре, ки на кори ту бошад,
К-аз он бар ҳар дил озори ту бошад.
Носири Хусрав
Фузун хоҳӣ бақо, дилҳо маёзор,
Ки доим дерзӣ бошад камозор!
Носири Хусрав
Имрўз озори кас маҷўй, ки фардо
Ҳам зи ту, бешак, ба ҷони ту расад озор.
Носири Хусрав
То битвонӣ, хаста магардон касро,
Бар оташи хашми хеш маншон касро!
Гар роҳати ҷовидон тамаъ медорӣ,
Меранҷ ҳамешаву маранҷон касро!
Фаридуддини Аттор
Хотири касро маранҷон, эй писар,
Варна хўрдӣ захм бар ҷон, эй писар!
Фаридуддини Аттор
Ҳар ки дар банди дилозорӣ бувад,
Дар уқубат кори ў зорӣ бувад.
Фаридуддини Аттор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё